Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПРИНСИПХОИ ДИДАКТИКИ

ПРИНСИПХОИ ДИДАКТИКИ

p-didaktiki

ПРИНСИПХОИ ДИДАКТИКИ, принсипхое, ки мазмун, шаклхои ташкили ва методхои корхои таълимии мактабро мувофики максади умумии тарбия ва конуниятхои просесси таълим муайян мекунанд. Таълимоти Я. А. Коменский, К. Д. Ушинский, А. Дистервег ва педагогхои дигарро олимони совети М. А. Данилов, Б. П. Есипов, И. Т. Огородников, М. Н. Скаткин аз нуктаи назари танкиди омухта, вазифахои таълиму тарбия, конуниятхои протсесси таълим, хусусият­хои психологии бачахо, тачрибахои педагоги ва Принсипхои дидактикиро чунин тавсиф кардаанд: илми будани таълим, характори тарбиявии таълим, аёният, шуурноки ва фаъолият дар таълим, мустахкам азхудкунии дониш, дастрас будани таълим, муносибати фарди бо хонандагон, мавриди таълими коллективона дар синф, алокамандии назария бо амалия.

Принсипи илмии таълим аз на­зарияи маърифати марксисти-ленини, ки оламро даркшаванда ва дар харакат медонад, ба миён меояд.

Дар китобхои дарси ва программахои таълими ба тахрифи фактхои илми, чунон ки дар мактабхои буржуази чой доранд, рох дода наме­шавад. Хамаи фанхо ва методхои таълими на танхо ба максади таъ­лим, инчунин ба максади тарбия низ хизмат мекунанд. Бачахо дар чараёни таълим дар рухи комму­нисте тарбия дода мешаванд. Чунон ки К. Д. Ушинскйй мегуяд, «табиати бача» таълими аёниро талаб мекунад. Воситахои аёнии таълим асосан 3 намуд доранд: шифохи, ашёи ва тасвири. Таълими аёни хонандагонро шавкманд намуда, ба пурра аз худ кардани дониш ва фаъолияти амалии онхо имконият медихад. Принсипи шуурноки ва фаъолона дар таълим талаб мекунад: а) ба омузиш бошуурона ва фаъолона муносибат кардани хонанда; б) фахмидани материале таъ­лим ва онро ба воситаи нутк ифо­да кардан; в) эчодкорона амал кар­дани хонанда; г) бошуурона дар амал истифода бурдани дониш. Вазифахои тарбия хам шуурноки ва фаъолият талаб мекунанд. Принси­пи мустахкам азхудкунии дониш аз вазифахои тарбияи коммунисти ба миён меояд. Принсипи дастрас бу­дани таълим зарур мешуморад, ки мазмуни таълим ва воситахои кори таълими бояд ба хонандагон фахмо ва ба кобилияти онхо мувофик бошад. Вай талаб мекунад, ки дар таълим пайдархамии аз осон ба душвор, аз маълум ба номаълум, аз содда ба мураккаб гузаштан риоя карда шавад. Принсипи ба хисобгирии хусусиятхои фарди аз муаллим талаб мекунад, ки дар просесси таълими коллективона ху­сусиятхои фардии дар як хонандаро низ ба хисоб гирад. Прин­сипи алокамандии назария бо ама­лия хонандагонро водор мекунад, ки дониши назариявии худро дар амал тадбик карда тавонанд.

Ад.: Основы дидактики, М.,          1967;

Займов Л. В., Дидактика и жизнь, М.,           1968; Дидактика средней школы, М., 1975.

А. С. Шепилова.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …