Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРИНСИПАТ

ПРИНСИПАТ

ПРИНСИПАТ (лотини principatus, аз princeps — якум, сардор, рохбар), дар адабиёти таърихи истилох барои ифодаи шакли махсуси мутлакияти даврахои аввали Империяи Рими Кадим (27 то мелод—193 мелоди), ки дар он расман баъзе идорахои республикави боки монда, император принсипат номида мешуд. Системаи Принсипат дар акди Август, ки давлати у дар натичаи муттахид шудани магист­ратурахои гуногун ба вучуд омад, ташаккул ёфт. Август ва ворисони у, ки принсепси сенат буданд, дар як вакт хокимияти граждани (три­буни халкии якумра) ва харбиро дар дасти худ нигох медоштанд. Сохти республикави: сенат, комитсияхо (мачлисхои халки), магистратурахо (гайр аз сензорхо) расман боки монд. Вале онхо ахамияти сиёсии пештараи худро гум карданд, зеро интихобот ва фаъолияти онхоро принсепс ба тартиб медаровард. Хокимияти асоси дар ихтиёри аппарати бюрократии император буда, аъзоёни хайаташ зиёд ва фаъолия­ти онхо торафт васеъ мешуд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.