Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРИЧАРД Катарина Сусанна

ПРИЧАРД Катарина Сусанна

katharine_susannah_prichard

ПРИЧАРД (Prichard) Катарина Сусанна (4. 12. 1884, Левука, чазирахои Фичи —2. 10. 1969, Гринмаунт, наздики шахри Перт, Австралияи гарби), адибаи австрали. Аъзои Партияи Коммунистии Австралия аз соли 1920. Дар Коллечи занонаи Мелбурни Чануби таълим гирифтааст. Журналист буд. Яке аз асосгузорони романи реалистии Австралия. Мохияти гуманизми романхои Причард— «Пионером» (1915), «Гавхари сиёх» (1921), «Говбон» (1926), «Кунарду» (1929), «Сирки Хэксби» (1930) тасдику таъкиди хукуки шахси одди барои бахту саодат мебошад. Кахрамонони асосии ин асархо халк аст. Соли 1933 Причард ба СССР омада буд (китоби очеркхои «Россияи хакики», 1935). Трилогияи Причард— «Солхои навадум» (1946), «Фарсангхои тиллои» (1948), «Донахои болдор» (1950) аз харакати коргари, инкишофи худшиносии миллии австралихо ва рухияи зиддиимпериалисти хикоят мекунад. Дар асар тасвири васеи зиндаги, чанбаи лирики, хуччати ва публитсисти мачкеи мухим доранд. Причард инчунин новелла, шеър, пессахо, эссехо ва ёддоштхо эчод намудааст.

Ос.: Дитя урагана, М., 1966; Негаси­мое пламя, М., 1972.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.