Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПРЯНИШНИКОВ Дмитрий Николаевич

ПРЯНИШНИКОВ Дмитрий Николаевич

pryanishnikov

ПРЯНИШНИКОВ Дмитрий Нико­лаевич (6. 11. 1865, шахри Кахта, хозира PAСC Бурят—30. 4. 1948, Мо­сква), агрохимик, физиолог ва био­химики совети, акад. АФ СССР (11929; аъзо-корр. 1913), акад. ВАСХНИЛ (1935), Кахрамони Мехнати Сотсиа­листи (4(946). Университети Москва (1887) ва Академияи зироат ва чангали Петровскийро хатм кард (1889; хозира Академияи хочагии кишлоки Москва ба но­ми К. А. Тимиря­зев). Шогирди Ти­мирязев. Аз соли 1895 то охири умр мудири кафедраи аг­рохимиям Акаде­мияи хочагии кишлоки Мос­ква буд. Прянишников дар Университети Москва (1891—1931), Курен олии занонаи хочагии кишлоки Голитсин (солхои 1909—1917 директор), Институти хочагии кишлоки Москва (солхои 1916—1917 ректор) лек­сия хондааст ва дар Институти оид ба нури (1919—1948; баъдтар Институти илмии оид ба нури ва инсектофунгитсидхо), Институти умумииттифоки оид ба нури, агротехника ва хокшиносии агрономи (1931—1948; холо Ин­ститути умумииттифокии тадкикоти илмии нури ва хокшиносии агрономии ба номи Д. Н. Прянишников) ва гайра, ки бо иштироки у таъсис ёфт, кор кардааст. Асархои у асосан ба масъалахои гизогирии растани ва истифодаи нури оиданд. Соли 1916 назарияи гизогирии азотии растаниро пешниход кард, ки холо хамчун назарияи классики нуфуз пайдо намудааст. Схемаи табдили моддахои нитрогендорро дар растани нишон дод, ахамияти аспарогинро ба­рои организми растани муайян кард. Бунёди илмии фосфоритонии хокро мавриди барраси карор дод. Дар онхо тавсифи физиологии намакхои калийдор, мувофикии намудхои гуногуни нурихои нитрогендор ва фосфордор дар нохияхои асосии зироати СССР баён шудаанд. Дар масъалахои ба хоки турш андохтани охак, гачандози ба шурзамин, истифодаи нурихои органики тадкикот бурдааст. Усулхои омузиши гизогирии растани, тахлили расте­нию хок ва гайраро такмил дод. «Аг­рохимия»-и Прянишников шухрати чахони пайдо кардааст. Лауреати мукофоти давлатии СССР (1941), Лауреати Мукофоти ба номи В- И. Ленин (1926). Бо ду ордени Ленин, 3 ор­дени дигар мукофотонида шудааст.

Ас.:       Мои воспоминания, М.,   1957;

Избр. соч., т. 1—3, М., 1965; Популяр­ная агрохимия, М., 1965.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.