Маълумоти охирин

ПРАКРИТ

ПРАКРИТ, пракритхо, номи умумии забонхо ва лахчахои давраи миёнаи гурухи забохои хинди (хиндуориёни)-и Хиндустон, ки мархилаи тараккии шевахои кадими хиндуевропоиро идома дода, ба ривочи забонхои нави хинди бунёд гузоштаанд. Нахустин намунаи матни хатии Пракрит ба асри 3 то мелод тааллук дорад. Дар аввал Пракрит забонхон гуфтугуии омма буданд ва бо ин хусусияташон аз санскрит фарк мекунанд; «пракрта» — табии, одди, «самскрта»—сандал додашуда, сунъи. Баъдтар Пракритхо ба забонхои адаби табдил ёфта, се мархилаи инкишофро (ибтидои, миёна ва охирин) аз cap гузаронидаанд. Ба забонхои маъмули мархилаи аввал забони ёдгорихои буддои — пали, Пракритхои сангнавиштхои шох Ашока, пайшачии ибтидои ва матнхои эпиграфикии чудогона дохил мешаванд. Дар мархилаи миёна Пракритхои адаби — шаурасени, магадхи, махараштри маъмул буданд. Забони мархилаи охирин апабхранша (аз асри 5) мебошад. Хуччатхои дар Туркистони Шарки бадастомада, ки ба забони кхароштхи мураттаб гардиданд, ба Пракрит ман­субанд. Пракрити адаби дар пэсахои драматург ва санъаткори бузурги Хиндустони Кадим Калидаса, дар асархои Бхаса ва дигар истифода шу­дааст. Хусусиятхои фонетикии Пракрит сонантхо ва дифтонгхо вучуд надоранд; дар холати интервокали хамсадохо тагйир меёбанд; калимахо аксаран бо садонок (хичои кушода) ба итмом мерасанд. Хусусиятхои морфологи: аз байн рафтани шумораи дугона, бандакхои шахсии феъли замони гузашта; ба хам наздик шудани асосхои исм ва феъл; монанд шудани шаклхои падежи ва гайра. Дар синтаксис тамоюли аналитики— истифодаи калимахои ёридиханда барои ифодаи маънохои падежи, ис­тифодаи сифатхои феълии ифодакунандаи намуд ва чинс дар замони гузашта ва гайра ба назар мерасанд.

Ад.: Вертоградова В. В., Прак­риты, М., 1978.

М. Усмонов.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …