Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОСПЕЛОВ Пётр Николаевич

ПОСПЕЛОВ Пётр Николаевич

pospelov-p-n

ПОСПЕЛОВ Пётр Николаевич (20. 6, 1898, Конаково — 21. 4. 1979, Моск­ва), ходими партияви ва илмии совети, акад. АФ CССP (1953; аъзо- корр. 1946). Кахрамони Мехнати Сотсиалисти (1958). Аз оилал хизматчи. Аъзои КПСС аз соли 1916. Дар Академияи хочагии кишлоки Москва тахсил кард; шуъбаи иктисодиёти Институти профессураи сурхро хатм намуд (1930). Соли 1917 дар корхои партияви ва иттифокхои касаба дар Твер (холо Калинин) буд. Дар давраи Чанги граждани (1918—1920) дар Че­лябинск пинхони кор мебурд. Солхои 1920—1924 аъзои Совети иттифокхои касабаи губерния, мудири шуъбаи агитатсия ва пропагандаи Комитети губерниягии РКП (б) дар Твер, му­дири шуъбаи маорифи халки губернатори Новгород. Солхои 1924—1926 инструктори шуъбаи агитатсия ва пропагандаи КМ ВКП(б). Солхои 1931—1934 дар редаксияи журнали «Болшевик» кор кард, аъзои хайати тахририя ва мудири шуъбаи хаёти партиявии газетаи «Прав­да». Солхои 1934—1937 аъзои Комис­сияи назорати партиявии назди КМ ВКП(б) ва рохбари гурухи матбуот. Солхои 1937—1940 чонишини мудири шуъба, чонишини сардори Управленияи пропаганда ва агитатсияи КМ ВКП(б). Солхои 1940-1949 мухаррири газетаи «Правда». Солхои 1949—1952 директори Институти Маркс -Энгелс-Ленини назди КМ ВКП(б). Солхои 1952— 1953 чонишини сармухаррири газетаи «Правда». Солхои 1953—1560 котиби КМ КПСС, сипас аъзои Бюрои КМ КПСС оид ба РСФСР. Солхои 1961—1967 ди­ректори Институти марксизм-ленинизми назди КМ КПСС. Аз соли 1967 аъзои Президиуми АФ СССР. Дар Съезди 16-уми партия аъзои Комиссияи марказии назорат, дар съезди 17-ум аъзои Комиссияи назорати партияви, дар съездхои 18—20-ум ва 22—23-юм аъзои КМ интихоб гардид. Солхои 1957—1961 номзад ба аъзоии Президиуми КМ КПСС. Депутата Совети Олии СССР (даъватхои 2—6). Поспелов муаллиф ва мухаррири як катор асархои оид ба проблемахои таърихи партия. Дар таълифи чилди 2-юми «Таърихи чанги граждани дар СССР» (Мукофоти давлатии СССР, 1943) ширкат дошт. Pаиси комиссияи тахририяи асархои бисёрчилдаи «Таъ­рихи Чанги Бузурги Ватании Иттифоки Совети» ва «Таърихи Партияи Коммунистии Иттифоки Совети», рохбари коллективи муаллифони тарчумаи холи илмии В. И. Ленин буд. Бо 4 ордени Ленин, ордени Револютсияи Октябр, 2 ордени дигар ва ме­далхо мукофотонида шуда аст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.