Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОСЛАВСКИЙ Иля Титович

ПОСЛАВСКИЙ Иля Титович

ПОСЛАВСКИЙ Иля Титович (2. 8. 1853—13. 11. 1914 Тошкент), археолог-кишваршиноси рус, мухаккики Осиёи Миёна. Пославский Гимназияи классикии Вилен, Омузишгохи дуюми харбии Константинов ва Академияи инженерии Николаевро хатм намудааст. Тамоми умр дар вазифахои инженерии харби хизмат кардааст. Аз соли 1903 сардори Управленияи инженерии харбии Округи харбии Туркистон буд. Пославский бо набототу географияи кишвари Туркистон шинос шуда, ба омузиши ёдгорихои кадима шугл варзид. Декабри 1899 ба Кружоки дустдорони археологияи Туркистон аъзо шуд. Пославский  сохиби яке аз коллексияхои бойтарини ашёи кадимаи Осиёи Миёна буд. Соли 1887 Пославский харобахои байни стансияхои Яккатут ва Карокул (Куня-Пайканд)- ро мукаррар намуд. Соли 1895 оид ба димнахои Тирмиз ахбороти муфассал дод. Иншооти меъмории хитатипухтагини наздики Гургонро, ки бо номи Гумбади Кобуз маълум аст, тавсиф намуд. Пославский хамрохи В. Л. Вяткин ва дигарон Эзохномаи лоихаи программаи кори Шуъбаи таърихи Комитет оид ба тавсифи ёдгорихои кадимаи Самарканд ва хаволки онро тартиб дод (1896). Пославский дар асархояш баъзе районхои вилояти Хафтрудро низ муфассал тавсиф кардааст. Коллексияи нумизмати (тангахо, сиккахо) ва баъзе ашёхои кадимаи гирдовардаи Пославский дар Музеи таърихи шахри Тошкент махфузанд.

Ос.: П о с л а в с к ий И. Т„ Бухара, Описание города и ханства. Сборник географических, топографических и статистических материалов по Азии, т. 18, СПб, 1891; О мавзолее с надписями на нем в развалинах г. Термеза. ПТКЛА год 2—Ташкент, 1897; О находках в Ханабаде к вообще в районе нижнего течения р. Чирчика — ПТКЛА, год 3, Ташкент, 1908.

Ад; Историография общественных на­ук в Узбекистане, Ташкент, 1974.

  1. A. Кодupoв.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.