Маълумоти охирин

ПОРУ

ПОРУ, нурии органикиест, ки одатан аз ахлоти хайвонот ва омехтахои дигар таркиб ёфтааст. Поруро хамчун нури аз замонхои кадим ин чониб истифода мобарапнд. Пору дар хочагихои дехконони тореволютсиони нурии асоси буд. Дар СССР бо вучуди афзудани истехсоли нурихои органики асосан Пору меандозапнд. Поруро махсусан дар хочагихое, ки парвардахона ва гармхона доранд, ба микдори зиёёд барои тайёр кардани компост истифода мебаранд.

poru

Дар таркиби Пору нитроген ва хамаи  элементхои гизоии барои растани зарур хастанд. Моддахои органики Пору (кисми асосии моддахои хушки ин нуру) таркиби хок, режимхои об ва хаво, хосияти физикию химияви ва химиявии хокро бехтар мекунад. Са ва Mg-e, ки дар таркиби Пору хастанд, дарачаи туршии хок­ро паст мекунанд, микрооргапизмхои судманд бошанд, фаъолияти би­ологии онро вусъат медиханд. Пору яке аз манбаъхои СО2 мебошад, ки синтези моддахои органнкии растаниро метезонад. Таъсири Пору ба хосил якчанд сол давом мекунад.

Поруро ба чалма ва шибар (нимобаки ва обаки) чудо мекунанд. Таркиби такрибии химиявии Поруи чал­ма (аз хайвоноти гуногун ба хисоби фоиз (%) чунин аст: 0,5 N, 0,25 Р2О5, 0,6 К2О, 0,35 СаО, 0,15 МgО (хангоми ба сифати хушки истифода бурдани торф микдори N дар Пору зиёд, вале Р2О5 ва К2О камтар мешавад).

Дар мавсими дар огил парвариш додан аз хар як хайвон ин кадар Пору мегиранд (ба хисоби т): асп 3—7, гов 4—9, гусфавд ва буз 0,4—0,9, хук 0,8—2. Самарабахшии Поруи чал­ма аз дарачаи пусиш, усулхои тайёркуни ва нигохдории он вобаста аст. Дар Поруи нагз сахтшудаи порухона (усули анаэроб и и нигохдори) нисбат ба Поруи ковок (у с ули аэроби) нитроген камтар нобуд мешавад. Барои тез тайёр кардани Пору аз усули омехта (якчошавии ду усули аввал) истифода мебаранд. Бо ин усул Поруи нимпусидаро баъди 1,5—2 мох, пусидаро баъди 4—5 мох, бо усули анаэроби мувофикан баъди 3—4 ва 7—8 мох мегиранд. Ба замин пеш аз кишти гандуму чавдор 15—25 т/га, чуворимаккаю картошка 20—40 т/га, сабзавот (бодиринг, карам) 35—50 т/га, бехмева 20—40 т/га ва хангоми киштигардон бо зироати техники пеш аз кишти лаблабу, канаб, тамоку 35—50 т/га Поруи чалма меандозанд. Хар як тоннаи Пору хосили тамоми зироати киштгардонро (ба хисоби галладона) 1-2 ц/га зиёд мекунад.

Поруи шибарии нимобаки 86—90% об ва такрибан баробари Поруи нав гирифташуда моддахои гизоии барои растани зарур дорад.

Ба киштзор онро дар систернахо мебаранд; бо торф, кох, хок компостонида мешавад. Поруи ш и б а р и о б а к и р о аз хочагихо ва комплексхои калони бурдокипарвари мегиранд. Хамин Поруи обаки 95—96%, моддахои гизонаш нисбат ба Поруи нимобаки 2—3 маротиба кам аст. Онро дар зарфхо нигох медоранд.

Баъди тахшини ба омехта (фрак­сия)-и моеъ об хамрох мекунанд ва махлулро ба киштзори растанихои хуроки чорво мерезанд, омехтаи сахтро ба замин андохта, шудгор мекунанд. Поруи обакиро ба фраксияхо чудо накарда чун нури истифо­да мебаранд.

Ад.:       Справочник по удобрениям,

М.,        1*964:  Применение органических удобрений, М., 1071.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.