Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОРУХОНА

ПОРУХОНА

ПОРУХОНА, биноест дар фермахои чорводори барои чамъ намудан ва нигохдории пору. Намуду сохти Порухона (кушоди руизамини кушоди чукури замини, ки деворхо ва фар­шаш бо масолехи намногузар пу­шида шудааст; болопушида, ки девору фаршаш андова шудааст ва гайра)-ро аз руи микёси фермахои чорводори мавкеи чойгирии онхо нисбат ба махалли ахолинишини, шароити иклим, хосияти хок ва гайра муайян мекунанд.

poru

Оддитарин Порухонаи кушоди руизамини барои поруи сахт ураест, ки чукуриаш 0,5 м аст. Дар нохияхои камбориши чануби ва чанубу шарки Порухонахавзахо месозанд, ки дар онхо нисбат ба Порухонаи руизамини хангоми пусиши пору моддахои органики кам талаф меёбанд. Дар нохияхои хунуки зимистонаш дароз Порухонаи болопушида дар шакли зеркан ё хай­дакхои дароз дар зери фарши бинои фермахои чорводори сохта ме­шавад. Гунчоиши Порухонаро вобаста ба саршумори хайвонот, давомати мавсими дар огил парвариш ёфтан, самаранокии истифодаи воситахои механикони ва инчунин тайёр будани пору барои ба хок андохтан (бакору тобистон баъди 2—3 мох, зимистон пас аз 3—4 мох тайёр мешавад) муайян мекунанд. Порухонахои самарабахш барои на кам аз 3 мох нигох доштани пору дар бинои фермахои чорводори ва минбаъд ба киштзор кашондани он имкон медиханд. Дар натича кисми зиёди пору дар рузхои холии зимистон ба замин кашонда мешавад. Одатан Порухое, ки дар назди фермахо сохта шудаанд, барои 15—40%-и поруи зимистони гунчоиш доранд, Порухонахои сахрои — 60-75%.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.