Маълумоти охирин

ПОРТРЕТ

rasm

ПОРТРЕТ (Франс, portrait — сурат, тасвир), жанри санъати рассоми, ки ба офаридани образи шахси муайян асос ёфтааст. Асархои худи ин жанрро низ Портрет меноманд. Тавассути Портрет рассом образи инсонро офарида, олами маънави, хислат, рухия ва холати уро нишон медихад ва ба чамъбасти ичтимоию сиёси, фалсафи ва ахлоки муваффак мешавад. Ба воситаи образхои фардии хамзамонон ё мутафаккирони гузашта Портрет метавонад сифатхои типии одамони давраи муайяни таърихиро тачассум намуда, рухия вахохоси табакахои гуногуни чамъиятиро нишон дидад. Вобаста ба максад Портрет яккаса, дукаса (чуфт), гурухи; во­баста ба характери тасвир монументали, мутантам, махрамона, хачви (карикатура, шарж) мешавад. Портрет дар рассоми ва графика композитсияи то сина, то миён ва хамаи пайкар; дар хайкалтароши бюст, мучассама, хайкал, релефро дар бар мегирад. Асрхои миёнаи Шарк бо усули хоси портретнигори — минётури портрети фарк мекунад. Як навъи маъмули Портрет автопортрет аст. Рассом ё хайкалтарош Портретро дар асоси натура, хотираю ёддоштхо ва материалхои архив офарида метавонад. Антрополог ва хайкалтароши совети М. М. Герасимов дар асоси омузиши косахонаи cap офаридани Портретро асоснок намуд ва портретхои Рудаки, Улугбек, Амир Темур ва дигаронро бо ин усул офарид. Намунахои кадимтарини Портрет дар Мисри Кадим офарида шудааст, ки то замони мо Портретхои Нефертити ва Эхнатон (асрхои 15—14 то мелод) омада расидаанд. Дар хайкалтарошии Мисри Кадим жанри Портрет ба дарачаи баланди инкишоф расид. Дар Портретхои офаридаи Лисипп (асрхои 5—4 то мелод) кудрату тавоноии инсон ситоиш ёфтааст. Дар хайкалтарошии Юнони Кадим Портретофари характери схематики дошт, дар давраи классика намунахои аз чихати реалисти умумикунонидашудаи Портрет ба назар мерасад. Дар давраи эллинизм ба чихатхои фардии одамон ахамияти калом дода мешуд. Дар Рими Кадим баробари хайкалтароши дар сохаи рассоми низ Портретофари ривоч ёфт. Дини ислом тасвири мавчудоти зиндаро манъ кард, ки боиси дар кишвархои исломи ривоч наёфтани Портрет дар рассомию хайкалтароши гардид. Танхо дар санъати минётур Бехзод, Махмуди Музаххиб барои рассомони бузург. Портрети хамзамонони худро офаридаанд. Санъати Портрет дар давраи Эхё дар эчодиёти Чотто, С. Боттичелли, Пе­ро делла Франческа, Чованни Бел­лини, Леонардо да Винчи, Рафаэл,. Микеланчело, Тисиан, Чорчоне (Ита­лия), Эл Греко (Испания), Я. Ван Энк (Нидерландия), А. Дюрер, X. Холбейн (Германия) ба авчи аълои инкишоф расид. Дар нимаи якуми асри 18 намунахои Портретхои реалистии рус (дар эчоди И. Никитин) ба майдон омад. Дар нимаи дуюми асри 18 як катор рассомони рус, аз чумла Д. Г. Левитский, Ф. С. Рокотов, В. Л. Боровиковский, Ф. И. Шубин санъати Портрети русро ба пояи баланд бардоштанд. Махсусан рассомон В. Г. Перов, Н. Н. Ге, И. Н. Крамской, В. А. Серов, И. Е. Репин дар офаридани симои милли ва образи одамони оддию мехнаткаши рус ба бисёр бозёфтхои калони эчоди ноил шудаанд. Дар санъати рассомии совети ривочёби ва инкишофи жанри Портрет бо номи рассомон И. И. Брод­ский, А. М. Герасимов, И. Э. Гра­бар, Л. Д. Корин, М. В. Нестеров, М. С. Сарян, Т. Т. Салохов, хайкалтарошон Е. В. Вучетич, Т. Залкалн, С. Т. Конёнков, В. И. Мухина, Н. В. Томский ва дигарон зич алокаманд аст.

Жанри Портрет дар санъати тасвирии солхои 30 точик дар эчодиёти Е. Бур­тсев, М. Хушмухаммадов, А. Ашу­ров, Портрет Фалбов ва дигарон пайдо шуда, тадричан ташаккул ёфт. «Портрети муаллим» ва «Автопортрет»-и А. Ашуров яке аз бозёфтхои жанри Портрети ин солхо ба шумор рафта, бо соддагии тимсол, ифодаи рухия ва олами ботинии кахрамонон фарк мекунад. Дар солхои Чанги Бузурги Ватани Портретхои чанговарони далери точик — Кахрамонхои Иттифоки Со­вети С. Турдиев, Н. Каробоев (рассом П. Писанко, хар ду 1944), портрети Кахрамони Иттифоки Совети Д. Азизов (рассом Б. Шохназаров), инчунии портретхои ходимони намоёни давлати ва адабиёту санъати точик С. Айни, А. Лохути, М. Шогадоев (рассомон Писанко ва Ю. Казмичев), Г. Валаматзода, С. Бандишоева, «Портрети точнидухтар» (рассом Б. Саглина) ва дигарон офарида шуданд, ки бо фасохату таносуби ранг ва чозибаи зохири тамошобинро мафтун месозанд. Дар солхои 50—60 баробари дигар жанрхои санъати тасвири Портретнигори низ ин­кишоф ёфт. Дар ин жанр рассомони болаёкати точик А. Рахимов («Порт­рет бофанда Шарофат Кароева», 1059; «Портрет мироб Хочаев», 1902; «Портрет Муким Султонов», 1967; «Портрети чупони номдор», 1909), И. Л. Л мелков («Портрети Арт. Халкии СССР Асли Бурхонов», 11954; «Портрети хавонавард Собиров», 1963; «Портрети балеринаи точик Малика Собирова», 1969), В. Бобо­рикин («Портрети Рая» 1957; «Сархадчи», 1963; «Духтари Рушон», 1963; «Чупонони Сагирдашт», 1967), 3. Хабибуллоев («Портрети артист Хошим Гадоев», 1963; «Бахор», 1967; «Чорчи», 1970), С. Курбонов («Порт­рети генерал М. Тошмухаммадов», 1973) ва дигар санъати Портретнигории точикро ба пояхои боз хам баланд расонидаанд. Пайкартарошон Е. А. Татаринова, А. Ганиев, К. Чумъагозин, Т. Г. Чередниченко муаллифони як катор мучассамахои портре­тии бо махорати баланд эчодшуда мебошанд. Тасвирхо дар чилди 1, сахифахои 80—81, 432—33, 496—97.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …