Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОРОШИН Константин Титович

ПОРОШИН Константин Титович

poroshin_konstantin_titovich

ПОРОШИН Константин Титович (8. 01. 1907, Тамбов —13. 02. 1971, Душанбе), химик-органики совети, акад. АФ РОС Точикистон (1960), аъзои КПСС аз соли 1939. С. 1931 Институти саноати ширро дар шахри Вологда хатм намудааст. Солхои 1932—1936 аспиранти Митн саноати шири шахри Москва, 1936—1941 ходими калони илмии лабораторияи омузиши сафедаи АФ СССР, котиби илми ва чонишини директори институти мазкур оид ба илм. Иштирокчии Чанги Бузурги Ватани (1941—1945). Солхои 1945—1948 докторанти  Институти химияи органикии АФ СССР, баъд котиби илми (1948—1955) ва чонишини акад.-котиби шуъбаи илмхои химияи АФ СССР (1955—1957). Солхои 1957—1960 ходими калони ил­мии Институти химияи органикии АФ СССР, 1960—1971 чоиб-президенти АФ РОС Точикистон. Дар як вакт вазифаи рохбари илмии лабораторияи химияи пайвастхои табииро ичро мекард.

Тадкикоти илмии орошин ба омузиши сафеда ва пептидхо бахшида шудаанд. Равияи нави сохаи химияи сафедахо — аз конденсатсияи аминокислотахою алкалоидхо синтез кардани моддахои фаъоли физиологиро дар Институти химияи АФ РОС Точикистон ба рох монд. Зери рохбарии Порошин пептидхои сохти регуляри синтез шуданд, ки дар асоси онхо моделонии сохти фиброини мохи, сафедаи гурухи коллаген, гистонхо ва гайра муяссар шуд. Порошин муаллифи зиёда аз 180 асархои илми ва шаходатномахои муаллифи мебошад. Солхои зиёд аъзои хайати тахририяи журнали «Ахборот»-и АФ СССР (серили химия) ва сармухаррири «Доклад»-хои АФ РОС Точикистон буд.

Бо орденхои Ситораи Сурх, «Нишони Фахри», як катор медалхо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Точикистон мукофотонида шудааст.

Ас.: Избранные труды в области хи­мии белка и пептидов, Д., 1977; Синтез полиаминокислот и регулярных поли­пептидов, Д., 1968. (хаммуал. бо В. А. Шибнев).

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.