Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОРФИР

ПОРФИР

porfir

ПОРФИР (аз юнони porphyreos — сурх, кирмизи), номи муштараки чинсхои кухии турши магмавй, ки сохти порфири доранд. Истилохи «Порфир» хам барои ифодаи чинсхои палеотипии эффузиви (масалан, порфири квартсдор) ва хам чинсхои гипабиссалию раги (масалан, гранитпорфир) кор фармуда мешавад. Дар массаи шишамонанд ё микронристаллии Порфир кристаллхои нисбатан калони шпатхои даштии ишкори, плагиоклазхои турш (албит, олигоклаз) , квартс, би­отит ва гайра хол-хол чой гирифтаанд. Таркиби массаи асоси низ аз минералхои номбурда иборат аст. Ранги Порфир сурхча, зардча ва буртоб аст. Аз чихати таркиб Порфирхо ду хел мешаванд: Порфири ортоклаздор (ортофир)— мушобехи трахит ва Порфири квартсдор — мушобехи липарит. Порфирхо масолехи хуби бинокорианд ва аз онхо ашёхои ба кислота тобовар ва санги осиё тайёр мекунанд. Ба точики санги самок низ мегуянд.

У. Олимов,

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …