Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОРФИРИЙ

ПОРФИРИЙ

porphyrios

ПОРФИРИЙ (Porphyrios) такрибан 233. Тир — такрибан 304, Рим) файласуфи Юнони Кадим, намояндаи навафлотуния. Шогирди Плотин, ки асархояшро нашр кардааст; муаллифи тарчумаи холи Плотин. Хамчун шорехи Афлотун ва Арасту машхур гаштааст. Рисолаи Порфирий «Мукаддима ба категорияхои Арасту» (номи дигараш — «Дар бораи панч овоз», яъне панч аломати мафхум — зот, навъ, фарки навъи, аломати шахси ва гайришахси, аломати тасодуфи) манбаи асосии шиносои бо мантики Арасту дар асрхои миёна буд, борхо тафсир ва тарчума шудааст. Дар мантик бо номи Порфирий ба истилох шачараи Порфирий алокаманд аст, ки робитаи серзинаи мафхумхои зоти ва навъиро хангоми таксими дихотоми тасвир менамояд. Порфирий инчуннн муал­лифи асархои зиёд доир ба матема­тика, астрономия, таърих, грамма­тика ва гайра буд. Асари калонхачми у «Бар зидди масехиён», ки кушиши аввалинест дар танкиди Таврот, соли 448 сузонда шуд (порчахояш боки мондаанд).

Ад.: История философии, т. 1, М.. 1940.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.