Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / ПОРАХУРИ

ПОРАХУРИ

ПОРАХУРИ, дар хукуки чиноятии совети мафхумест, ки се намуди чиноят, яъне гирифтани пора, додани пора, миёнаравиро дар бар мегирад.

Гирифтани пора — аз тарафи шахси мансабдор шахсан ба воситаи миёнарав гирифтани пора барои ба фоидаи порадиханда ичро кардани кор.

pora

Факат чизхои модди ё нафъи мо­лумулки, ки шахси мансабдор бо ин рох ба даст меоварад, пора хисоб карда мешавад. Ин гуна пора бар шакли пул, чизу чора, озука, ба чо овардани хизмати модди ифода ме­ёбад (масалан, додани хонаи истикомати). Барои гирифтани пора чазои махрум кардан аз озоди ба муддати аз 3 то 10 солу мусодираи молу мулк муайян карда шудааст.

Мансабдоре, ки вазифаи масъулро ишгол мекунад ё пештар барои порахури суд шудааст, ё чандин бор пора гирифтааст, ё худ бо рохи мачбури пора гирифтааст, хангоми содир кардани чунин гунон аз озоди ба муддати аз то 15 сол махрум карда шуда, молу мулкаш мусодира ва худи у ба муддати аз 2 то 5 сол бадарга (ё бе чунин бадарга) карда мешавад. Хангоми мавчуд будани холатхои вазнин чазои катлу мусодираи молу мулк пешбини шудааст (моддаи 186 КЧ РСС Точикистон).

Додани пора — ба шахси ман­сабдор додани чизхои киматбахо ва нафъи молумулки барои аз мансаби худ истифода бурда ба манфиати порадинанда хал кардани (ё накардан) ягон масъала. Барои додани пора чазои аз озоди ба муддати аз 3 то 8 сол махрум кардан: хангоми мавчуд буданн холатхои вазнин чазои аз озоди ба муддати аз 7 то 15 сол махрум кардан бо мусодираи молу мул к (ё бо мусодира) ва бадаргакули ба муддати аз 2 то 5 сол (6 бо бадарга) дода мешавад. Шахси порадодае, ки барои додани пора мачбур карда шудааст, ё шахси маз­кур баъди додани пора дар ин бо­ра ихтиёран арз карда аст, аз чавобгарии чинояти озод карда мешавад (моддаи 187 КЧ РОС Точикистон).

М и ё н а р а в и дар порах у р и — амалиёте, ки хангоми гирифта додани пора ба тарафи як шахс ба шахси дигар содир шудааст (масалан, бевосита гирифта додани предмети пора, мухайё намудани шароит барои порадихи ва гайра). Барои миёнарави дар Порахури, чазои махрум кардан аз озоди ба муддати аз 2 то 8 сол, хангоми мавчуд будани холатхои вазини чазои махрум кардан аз озоди ба муддати аз 7 то 15 сол, мусодираи молу мулк ва бадарга ба чои муайян ба муддати аз 2 то 5 сол (ё бе чунин бадарга) дода мешавад (моддаи 187 КЧ PСC Точикистон). Порахури одати бокимондаи нанговари за­мони гузашта буда, ба мукобили он муборизаи дидди бурда мешавад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …