Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПОМИДОР

ПОМИДОР

pomidor

ПОМИДОР (аз италияви роmudoro, d’orо — себи тиллои), ф о т и лачон, томат (Lycopersion), чинси гиёххои як ё бисёрсола ё нимбуттаест аз оилаи авранчихо; сабзавоти маъмул. Ватани Помидор— Америкаи Чануби. Помидори худруй дар Перу, Эквадор ва Чили меруяд. Помидор дар тамоми мамлакатхои дунё парвариш карда мешавад. Ба Европа (Испания, Португалия, Италия) онро нимаи асри 16 овардаанд. Дар Россия аз Помидор бори аввал соли 1780 хабар ёфтаанд. Хангоми хафриёти Марв (асри 16) тухми Помидорро ёфтанд. Помидорро эхтимол хануз дар он вактхо парвариш мекарданд. Аз парвариши Помидор дар Точикистон аввалин бор дар Хисоботи М. Лопотт (соли 1912) маълумот оварда шудааст. Парвариши Помидор дар республикаи мо махсусан солхои 20 равнак ёфт ва холо он яке аз сабзавотхои асосист. Помидор 3, намуд дорад;  п е р у г и , пашмакдор ва м у к а р р а р и. Помидори мукаррари кариб 2 хазор навъу хел дорад. Помидори м у к а р р а р и растании яксола буда, пояи рост ё хамида, барги мураккаби пармонанд, гули майдаву калони зард, гураки мудаввар, дарозруяи киррадори 2 ё бисёрпалла дорад. Помидор худ гардолуд мешавад. Хосили Помидор мудаввар, гирдан пахн, эллипси, олушакл ё муруднамо, сурх, норанчи, гулоби, зардтоб ва сафед (диаметраш аз 3 то 10 см, вазнаш аз 20 то 900 г ва зиёдтар аз он) мешавад. 100 г Помидор 4 мг натрий, 268 мг калий, 11 мг калсий, 12 мг магний, 0,6 мг охан, 0,097 мг мис, 27 мг фосфор, 14 мг сулфур, 40 мг хлор, 0,189 мг манган дорад. Помидор баъди 80—140 шаборузи сабзиш мепазад. Помидорро чи хом ва чи пухта дар таъом истеъмол мекунанд. Онро консервонида ё очоронида низ истифода мебаранд. Шарбати Помидор басо сергизост.

Помидор зироати гармидуст буда, сармобардор нест. Харорати оптималии сабзиши тухми Л. 20—25°С аст. Хангоми аз 15°С паст будани харорат Помидор гул намекунад. Помидорро дар хама гуна хоке, ки рН (кислотаноки)-аш аз 4,5 паст нест, парваридан мумкин аст.

Дар СССР ба бештар аз 225 хазор га Помидор мекоранд ва соле зиёда аз 3,5 млн т (15%-и хачми умумии истехсоли сабзавот) хосил мегундорапд. Дар ИМА ба 197 хазор га Помидор кишта, аз хар га кариб 370 с, дар Италия мувофикан 113 хазор га ва зиёда аз 270 с, дар Булгория 26 хазор га ва 300 с, дар Венгрия 17 хазор га ва зиёда аз 210 с хосил мегиранд.

Нигохубини растани: мунтазам нарм кардани замин, нест кардани алафхои бегона, хокчош, гизодихии иловаги, обмони, мубориза бо зараррасоихою касалихо. Касалихои пахншудаи Помидор: макроспориоз, сенториоз, фитофтороз, догхои бури баргхо, пусиши нуг, столбур, стрик ва гайра. Ба нихоли Помидор асосан баргпечонакхо, саригусола, кирми тирамохи, нематодаи бузгунч, ширинчаи полиз (дар гармхонахо) ва дигархо зарар мерасонанд.

Ад.: Сабзавоткории Точикистон, Д, 1972; Брежнев Д. Д., Томаты, Л., 1964; Справочник огородника, Кайнар. 1975.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …