Маълумоти охирин

ПОЛО

marco_polo

ПОЛО (Роlо Маrkо, такрибан 1254, Венетсия —8. 1. 1324, хамон чо), сайёх ва нависандаи Италия. Аз оилаи точиир ва сайёх. Поло солхои 1271—1275 хамрохи падараш Николо ва амакаш Маттео Поло савори киштии точирон ба сохилхои чанубу шаркии нимчазираи Осиёи Хурд меояд. Сипас ба воситаи кухсори Арман, хамвории Байнаннахрайн, кухсори Эрон, доманакухи Хиндукуш ба Бадахшон меравад. Аз он чо ба воситаи Вахон, Кошгар ба Хитойи Шимоли меояд ва то соли 1292 дар хизмати хони мугул Хубилай мемонад. Дар ин муддат ба нохияхои гуногуни мамлакат сафар мекунад. Аз Хитойи Чануби бо рохи бахри ба Эрон ва Туркия омада, соли 1295 ба Венетсия бармегардад. Бино ба баъзе маълумотхо Поло дар мухорибаи машхури байни Венетсияю Генуя, ки 7 сентябри 1297 дар бахри Адриатика ба амал омада буд, иштирок намуда, ба генуягихо асир афтод. Дар махбас хамрохи Рустичанои Пизани хотирахои худро тахти унвони «Китоби Марко Поло» навишт, ки он охири соли 1298 ба табъ расид. Поло дар китоби худ доир ба мавкеи географи, хаёти иктисодию ичтимои ва мадании халкхои Шарк маълумоти мухим додааст. Як боби асар ба Осиёи Миёна, Афгонистон ва Эрон бахшида шуда, дар он оид ба мавкеи географии шахрхои ин нохияхо (Марв, Балх), зироат (хусусан зироати полизи, галла), чорводори (зотхои гуногуни аспхо), сарватхои зеризаминии Бадахшон (лаъл, ёкут), наботот ва хайвоноти он, сохти антропологи, машгулият, маданияти модди (икоматгох, сару либос, хурок), дину оин ва дигар чихатхои зиндагии халкхои Помир маълумотхои нодир оварда шудаанд. Китоби Поло яке аз сарчашмахои мухими омузиши география, ётнография ва таърихи Арманистон, Гурчистон, Осиёи Миёна, Эрон, Хитой, Мугулистон, Хиндустон ба шумор меравад ва ба якчанд забонхои европои, аз чумла руси тарчума ва нашр шудааст.

Ас.; Книга Марко Поло, пер. со старофранц. И. П. Минаева. Редакция и вступ. статья И. П. Магидовича, М., 1955.

Ад.: Степной Ет., Марко Поло о Средней Аэии, «Средняя Азия», Ташкент, 1896; Шкловский В., Марко Поло, М., 1936.

А. Валиев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.