Маълумоти охирин
Главная / Биология / ПОЛИМОРФИЗМ

ПОЛИМОРФИЗМ

polimorfizm

ПОЛИМОРФИЗМ (аз поли… ва юнони morphos— шакл) дар биология. дар байни як намуди наботот ё хайвонот мавчуд будани фардхои аз хамдигар хеле фарккунанда (аз чихати симо). Полиморфизм якчанд хел мешавад: чинси (масалан, аз хам фарк кардани занбури асали нарина, модина ва коргар), мавсими (масалан, дигаргун шудани шаклхои баъзе шапалакхо ва растанихо дар бахор ва тобистон) ва Полиморфизме, ки бо б а д а л и н а с л вобаста аст (зохиран аз хам фарк кардани фардхое, ки ба наслхои гуногун мансубанд, масалан, насли чинси ва гайричтнсии рудаковокхо—медуза ва полип). Шаклхои гуногуни як узви растаниро низ Полиморфизм меноманд. Агар як намуди организм ду шакли аз хамдигар фарккунанда дошта бошад, диморфизм ва агар дар байни популятсия ду ё якчанд шаклхои ирсии гуногун мавчуд бошанд, Полиморфизми генетики номида мешаванд.

Инчунин кобед

safedaho

САФЕДАХО

САФЕДАХО, протеинхо, моддахои органикии калонмолекулаи табииеро гуинд, ки аз аминокислотахо таркиб ёфта дар сохту фаъолияти …