Маълумоти охирин
Главная / Илм / ПОЛИКРИСТАЛЛ

ПОЛИКРИСТАЛЛ

polikristall

ПОЛИКРИСТАЛЛ (аз поли… ва кристаллхо), агрегатест аз анбухи резикристаллхое (андозаашон аз, ки нисбат ба якдигар бетартиб чои гирифтаанд. Хосиятхои Поликристалл ах руи хосияти донахои кристаллие, ки Поликристаллро ташкил медиханд, андозаи андаряки онхо, самтгирии кристаллографии донахо ва сохти худудии донахо муайян карда мешаванд. Агар донахо бетартибона чойгир шуда, андозахояшон аз андозаи Поликристалл хурд бошад, дар Поликристалл анизотропияи хосиятхои физикии хоси монокристаллхо зохир намешавад. Агар дар Поликристалл беш аз якто самтгирии кртсталлографии донахо мушохида шавад, пас Поликристалл ба текстура доро аст ва дар ин маврид хосиятхои анизотрониро сохиб мешавад. Худуди муайяни байни донахо ба хосиятхои физики (махсусан, механики)-и Поликристалл таъсири калон мерасонанд, зеро дар ин худуд пароканиши электронхои нокили, донахо, тормозонии дислокатсияхо ва гайрахо ба амал меоянд. Поликристалл хангоми кристаллбанди, табдилоти полиморфи (дигао Полиморфизм) ва гайра ташкил меёбад.

Хангоми аз холати моеъ ба холати кристалли гузаштан дар модда якбора якчанд марказхои кристаллбанди ба вучуд меоянд, ки боиси пайдоиши Поликристалл мегарданд. Донахои кристалли аз як су аз таъсири байнихамдигарии хамсоядонахо, аз суи дигар ба сабаби дар худуди байни онхо мавчуд будани гашхо хосил мешаванд. Дар байни донахои кристалли атомхо бетартиб чойгир шудаанд ва дар баъзе мавридхо якбора якчанд холати агрегатии моддаро мушохида кардан мумкнн аст. Ниг. низ Кристаллография.

Ад.: Шасколская М. П., Кристаллы, М., 1978.

Ш. Мавлонов.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …