Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / ПОЯНДАИ КОБУЗИИ САМАРКАНДИ

ПОЯНДАИ КОБУЗИИ САМАРКАНДИ

ПОЯНДАИ КОБУЗИИ САМАРКАНДИ хофиз, навозанда ва бастакори асри 16 точик. Дар Самарканд ба дунё омада, санъати мусикиро назди Хоча Чаъфари Конунии Самарканди ва Хасани Кавкабии Самарканди омухт. Махсусан, дар сурудани кисматхои мураккаби макомхо махорати том дошт ва уро бо эхтиром Хофизи Поянда мегуфтанд. Пояндаи Кобузии Самарканди дар мусобикаи сурудхони, сознавози ва таснифи асархои мураккаб дар Мадрасаи Абдуллоххони Бухоро бар Махмуди Гелони голиб омад. Чанд муддат у дар Бухо­ро зиндаги кард ва сипас ба Хирот рафт. Дар Хирот у барои сози кобуз одангхои «Пешрави Поянда» «Кори Поянда», «Амали Поянда» ва «Кавли Поянда»-ро тасниф кард. Пояндаи Кобузии Самарканди дар шеър низ завки баланд дошта, матни баъзе таронахоро худ менавишт. Дар санъати мусики шогирдону пайравони зиёд дошт, ки маъруфтаринашон Хофизи Косим ва Ахмади Кобузи буданд. Пояндаи Кобузии Самарканди охири умр ба Самарканд баргашта, дар хамон чо аз олам даргузаштааст.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.