Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Озокерит

Озокерит

Озокерит (нем. Ozokerit, аз юнони буй мебарорам ва keros—мум), муми к у х и,  минерал аз гурухи нефтидхо (битумхо). Рангаш сабзи хеле равшан, зард, бур. Мулоиму часпак ё сахту мурт мешавад. Аз он буи карасин меояд. Аз оташи гугирд зуд дармегирад. Зичиаш аз 850 (ва камтар) то 1000 килограмм/метр.

Таркибаш 84—86% карбон, 13,5—15% гидроген дорад. Аз гармии 52—85°Селсия ва баъзан зиёдтар гудохта мешавад. Дар бен­зин, карасин, нефт, карбонсулфид, бензол ва хлороформ хал шуда, дар спирт, об ва ишкорхо кариб хал намешавад. Озокерит дар paг ва кабатхои «чинсхои тахшини атрофи конхои нефти парафиндор вомехурад ва аз чихати пайдоиш бо ин конхо алокаманд аст.

Дар таркиби регсангу охаксанги конхо аз 4 то 16% Озокерит хаст. Озокерит дар саноати атриёт, локу ранг ва дар тиб истифода мешавад. Конхои калонтарини он дар Украи­на (вилояти Лвов), Туркманистон (Че­лекен) ва Узбекистон (Фаргона) мавчуданд. Дар Точикистон хам яго­на кони ин минерал (кони Селроха дар pайони Исфара) маълум аст, ки аз он олхои 1898—1960 Озокерит мегирифтанд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.