Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Озодфикри

Озодфикри

Озодфикри, озодандеши,чараёни афкори чамъиятиест, ки мухторияти аклро дар дарёфти хакикаткат хифз ва нахйи диниро дар чараёни зехни ахкоми эътикод рад ме­кунад. Озодфикри бо шаклхои мухталифи танкиди дин (деизм, пантеизм, но­минализм) алокаманд буд.

Гояхои Озодфикри дар давлатхои гуломдории шарк ташаккул ёфтаанд. Дар Миср («Сухбати маъюсшуда бо рухи худ»), Бобулистон («Сухбати хоча бо гулом»), Фаластин Озодфикриро дар шакли шаккокияи дини, нобовари ба кудрати худохо, амри маъруфи кохинон зохир гаштааст. Озодфикри дар Хи­той, Хиндустон ва хусусан Юнони Кадим (Гераклит, Демокрит ва Эпикур), Рими Кадим (Лукреций) холе инкишоф ёфт (нигаред Атеизм).

Дар асрхои миёна,. дар шароити хукмронии мутлаки идеологияи дини назариияи хакикати дугона навъи эътироз ба мукобили зулми илму маърифат, шакли Озодфикри буд. Назарияи хакикати дугона гояи мустакилият ва мусовоти илму эътикодро тасдик мекард. Асосгузорони ин назария мутафаккири араб Ибни Рушд ва файласуфи точик Ибни Сино офариниши олам, човидонии рухро рад ва илмро аз мутеии дин хифз менамуданд.

Ба акидаи ин мутафаккирон олам аз руи конунияти табиии худ бе дахолати худохо инкишоф меёбад. Ба инкишоф ва интишори Озодфикои фаъолияти илмию эчодии мутафаккирони форс-точик Закариёи Рози, Умари Хайём, Хофизи Шерози, Абдуррахмони Чоми, мутафаккири бузурги асри 12 Низомии Ганчави, мутаффаккирони узбек Улугбек ва Алишери Навои, шоири гурчи Шота Руставели, мутафаккирони Гарб Сигери Брабанти, Уилям Оккам мута- факкири асри 16 рус Феодосий Косой, эпоси халкии арман «Давиди Сосу­ни» мусоидат кардаанд.

Озодфикри дар асрхои миёна манфиати он куввахои чамъиятиеро ифода менамуд, ки бар зидди феодализм мубориза мебурданд. Аз ин ру мазмуни зохиран динии Озодфикри ба пайдоиши акоиди прогрессивии аксар мутафаккирони асрхои миёна халал намерасонд.

Инкишофи муттасили гояхои Озодфикри (тамоюдоти атеисти) ба ташаккули акидахои бисёр олимон, файласуфон, нави­сандагони давраи Эхё (Перо Помпонасий, Улрих фон Гуттен, Эразми Роттердам») ва Ренессанси Евро­па (Волтер) таъсири муфид расонд. Анъанахои Озодфикриро мутафаккирони франсави, Ж. И. Ламетри, П. А. Голбах, Д. Дидро, К. А. Гелвесий ва материалисти немис Л. Фейербах, ки ба мавкеи атеизм гузашта буданд, идома доданд. Дар таргибу интишори гояхои Озодфикри хизмати М. В. Ломоносов, А. Н. Радищев, А. П. Барятинский бузург аст. Охири асри 19 — ибтидои асри 20 ифодакунандагони асосии гояхои Озодфикри хам дар Шарку хам дар Гарб маорифпарварон (нигаред Маорифпарварй) буданд.

Дар чамъияти хозираи буржуази аксар мутафаккирони пешкадам бар зидди ахкому маросими дини баромада, нукта ва чамоахои иртичоии диниро танкид менамоянд, вале динро хамчун чахонбини пурра инкор намекунанд. Мунаккидони хозираи дин худро озодандеш номида, рухияи интеллигенсияи буржуази ва буржуазияи майдаро ифода мекунанд, аксаран дар мавкеи идеализми фалсафи мепстанд (Мухаммади Абду, Мухаммад Икбол, нигилизми динии М. Хайдеггер, Ж. П. Сартр).

Мунаккидони буржуазии дин дар доираи ташкилотхои озодфикрон муттахид шуда, тавассуги ташкилоти умуми норасоии вахдати гоявиро пурра кардан мехоханд. Иттифокхои озодфикрон нашрияхои худро до- ранд ва дар ду ташкилоти умумичахони муттахид гаштаанд: Иттифоки умумичахонии озодфикрон (соли 1880 дар Брюссель таъсис шудааст) ва Иттифоки байналхалкии гуманисти ва ахлоки (1952, Амстердам).

Адабиёт: Франсев Ю. П., У истоков ре­лигии и свободомыслия, Москва— Ленинград, 1959; Богоутдинов А. М., Очерки по ис­тории таджикской философии, Сталинабад, 1961; Поступь свободной мысли, «Наука и религия», 1964, JA 9; История свободомыслия и атеизма в Европе, Москва, 1966; История и теория атеизма, Москва, 1974.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.