Маълумоти охирин
Главная / Илм / Овозхои нутк

Овозхои нутк

Овозхои нутк, овозхое, ки бо максади мубодилаи афкор тавассути дастгохи гуфтор (узвхои нутк) сохта ва талаффуз мешаванд. Овозхои нутк дар асоси «фармоне», ки аз нимкураи чапи майнаи cap мерасад ба вучуд меоянд. Тахдиду тахлили Овозхои нутк дар се замина — тавлиди, физики ва ичтимои (лингвисти) сурат мегирад.

Дар заминаи тавлиди механизми дастгохи гуфтор ва сахми узвхои нутк мавриди тахкик карор мегиранд. Овозхои нутк аз лахнхо (тонхо) ва шавшувхо иборатанд. Лахнхо дар натичаи лаппишхои (ларзишхои) садопардахо ба амал меоянд. Шав­шувхо бошанд, дар асари лаппишхои номудаввар дар чараёни хавое, ки аз шуш берун омада, дар натичаи ба хам наздик шудан ё расидани узвхои нутк дар сурохи дахону бини ба монеае дучор меоянд, пайдо мешаванд.

Лахнхо садонокхоро ва хамсадохои лахниро (м, н, л, р, й) ва шавшувхо хамсадохои бечарангро ба вучуд меоранд. Хамсадохои чарангдор аз омезиши лахнхо ва шавшувхо хосил мешаванд. Садонокхо аз руи харакатхои амуди (ё дарачаи бардошт: боло — и, у, миёна — з, у, о ва поён — а ва уфукии забон (ё катор): пеш — и, э, маркази — у, а, кафо — у, о ва иштироки лабхо (лаби — у, у, о ва гайрилабй — и, э, а) фарк мекунанд. Хамсадохо низ аз руи чор аломат: а) кори садопардахо (чарангдор — б, в, э, д, ж, ч, г, г ва бечаранг п, ф, с, т, ш, ч, к, х, к, ъ, д), б) резонаторхо (димоги — м, н ва гайридимогй — хамаи хамсадохо гайр аз м ва н), в) тараи ташаккул (зич: а) содда — бр п, д, т, г, к, к, ъ; б) мураккаб — д, ч; рог: а) якмахрача — в, ф, з, с, г, х, х, б) думахрача — ж, ш, г), кори узви фаъол ё махрачи овозсози (1) ла­би: <а) лабулаби — б, п, м; б) лабу- дандони — в, ф; 2) забони: а) пешизабони — д, т, з, с, ж, ш, ч, ч, л, р, н; б) байнизабони — й; в) пасизабони —г, к; г) забончаги — г, х, к; 3) халки: а) руяк — ъ ва чукур —д) фард мекунанд.

Дар заминаи физикию акустики табиати физикии Овозхои нутк ва аломатхои физикии онхо: дарози, дарачаи пахннокию кувватноки, сохти формантию спектри онхо мавриди тахлилу тахкик карор мегирад. Ин аломатхои физикии Овозхои нутк дар шароит ва холатхои гуногуни фонетики тахкику мукоиса ва дарачаи молик будани овозхо ба ин хусусиятхо нисбат ба овозхои дигар таъмин карда мешавад. Таснифи – акустикии овозхо низ дар асоси хамин аломатхо сурат мегирад.

Дар чихати ичтимои ё лингвистии Овозхои нутк вазифа ва сахми онхо дар ча­раёни мубодилаи афкор омухта ме­шавад. Аз ин ру, ин чихати Овозхои нуткро чихати функсионали ё фонологи низ меноманд. Ин се чихати Овозхои нутк мавзуи бадеи як кисми илми забоншиноси — фонетика {фонология)-ро ташкил медиханд.

Дар фонетикаи имруза чихати функсионали чихати асосии Овозхои нутк хисоб мешавад, зеро тактеи чараёни нутк ба овозхои алохида ва алокамандона бо он халли хамаи масъалахои лингвистии Овозхои нутк махз аз диди функсионали имконпазир аст. Чараёни нутк табиатан занчири муттасили овозист ва аз диди тавлид ва хусусиятхои физики тактеи он ба овозхои алохида имконнопазир аст. Тактеи он танхо ба воситаи фонема, ки дар Овозхои нутк зохир мешавад ва намояндаи Овозхои нутк мебошад, амали мегардад.

Адабиёт: Расторгуе в а В. С., Очерк фонетики таджикского языка. Сталинабад, 1955; Зи н д е р Л. Р., Общая фоне­тика. Ленинград, 1960.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …