Маълумоти охирин
Главная / Чамъият / Оворагарди ва гадои

Оворагарди ва гадои

Оворагарди ва гадои, дар давлаткои истисморгар зухуроти ихтимоиест, ки дар натичаи таъмин набудани мехнаткашон аз воситахои зиндаги ба вудуд меояд. Ин хол дар оворагарди аз як чой ба чои дигар, зиндагии бе хонумон ва аз хисоби дигарон зиндаги кардан ифода ме­гардад. Дар чамъияти истисмори давлат ба шахсони мачбуран ба ово­рагарди машгулбуда имкон намедахад, ки дар мехнати истехсоли иштирок кунанд.

Дар чамъияти сосиалисти ба сабаби мунтазам бехтар шудани шароити моддии мехнаткашон оворагар­ди вудуд надорад. Вале баъзан шахсоне вомехуранд, ки ба Оворагарди ва гадои машгул шуда, муфтхурона умр ба cap бурдани мешаванд. Ин ходиса боиси дуршавии унсурхои зиддичамъияти аз мехнати фоиданок, кушиши аз хисоби чамъият ба таври муфтхурона руз гузаронидан, саркаши аа масъулияти химояти, аз додани алимент ва гайра мегардад.

Дар СССР ба шахсоне, ки мунта­зам ба Оворагарди ва гадои машгул мешаванд, чазо пешбини шудааст (моддаи 223 КЧ РСС Точикистон). Оворагарди маънои аз мехнати фоиданоки чамъияти cap кашиданро ифода карда, гадои. рузгузарони аз хисоби садака, муфтхури кардан, сарват андухтан мебошад. Ба гражданинхои кобили мехнате, ки ба синни 18 расида ба Оворагарди ва гадои машгуланд, чазо дода меша­вад.

Наврасони 16—18-солае, ки ба Оворагарди ва гадои машгул мешаванд, бо кор таъмин ва ё дар муассисахои махсуси бачагона чойгир карда шуда, баъзан ба онко васи муайян карда мешавад. Дар Иттифоди Совети ба­рои хаёти осоишта хамаи шароитхо мухайест. Бинобар он ба Оворагарди ва гадои рох дода намешавад.

Инчунин кобед

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ”

“САРХАДЧИЁНИ СОВЕТИ” газета, органи комитети районии Партияи Коммунистии Точикистон ва Совети депутатхои мехнаткашони райони Даштичум. …