Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Оташи Манучехр

Оташи Манучехр

Оташи Манучехр (таваллуд 1931, Бушахр), шоири эрони. Соли I960 ба Техрон рафта, шуъбаи забон ва адабиётн англисии Донишсарои олиро хатм намудааст. Шеърхояш аз соли 1954 чоп мешаванд ва дар мачмуахои «Оханги дигар» (I960), «Овози хок» (1968), «Дидор дар фалак» (1969) ва гайра гирд омадаанд. Оташи шоири лирик аст ва дар шеъраш эхсосу андешахои ошикона, манзарахои табиат, лахзахои маргуб бо образхои тозаву бикр ифода мегарданд. Тафаккури шоиронаи Оташи нихоят борик буда, шеърхояш завки баланди эстетикро мепарваранд:

Эй шеър, эй сапедаи махтобхои дур, Доман бикаш ба сояи торики хотирам. Дар шаб чу духтарони паризоди рудхо, Урён биё ба чангали хомуши дафтарам.

Оташи аз намояндагони чараёни «шеъри нав» аст; аксари шеърхояш дар колаби чахорпорахо, кисме дар ра­вияи арузи озод гуфта шудаанд. Дар колабхои анъанави низ шеър мегуяд. Услубаш ба Нодирпур, Сухроби Сипехри, Хасани Хунарманди барин намояндагони чараёни «шеъри нав» наздик аст. Аз адабиёти англис ба забони форси тарчумахо дорад. Намунахои ашъораш дар матбуоти Точикистон чоп шудаанд.

Адабиёт: Кляшторина В. Б., «Новая поэзия» в Иране, Москва, 1975.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …