Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Остеодистрофия

Остеодистрофия

Остеодистрофия (аз юнони остео… ва дистрофия), як гурух беморихои бофтаи устухонро гуянд, ки дар натичаи вайроншавии просесси мубодилаи моддахо ба вучуд меоянд. Хангоми Остеодистрофия сохти устухони кисмхои гуногуни скелет тагйир меебад. Остеодистрофия паратиреоиди, деформасиякунанда, чузъии фибрози, токсики (захри) ва гайра мешавад. Аз инхо танхо ду шакли аввалаи Остеодистрофия бештар маъмул аст.

Остеодистрофияи паратиреоиди бемории эндокрини буда, дар натачаи барзиёд чудо шудани гормони пара­тиреоиди, хангоми омоси гадуди назди силаршакл инкишоф меёбад. Дар ин бобат бофтаи устухони’ чаббида мешавад. Просесс кариб хамаи устухонхоро фаро мегирад. Остеодистрофияи пара- тиреоидиро бо рохи бурида партофтани гадуди назди сипаршакл муолича мекунанд. Хангоми Остеодистрофияи де формаслякунанда як ё якчанд устухон осеб меёбад. Сабаби пайдоиши ин шакли Остеодистрофия хануз омух- та нашудааст. Остеодистрофияи деформасияку­нанда боиси инкишофи бемории ос­теосаркома мегардад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.