Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Осим Хочииброхими Бухорои

Осим Хочииброхими Бухорои

Осим Хочииброхими Бухорои (соли таваллудаш номаълум — вафоташ 1905), шоири точик. О. аз оилаи сарватманд буда, дар хурдсоли аз падару модар ятим мондааст. Дар Мадраса тахсил кардааст. О. аз шарикдарсони устод Айни буд. Хангоми тахсил дар Мад­раса машки шеър кардааст. Дар шеър таълими Мулло Холи ном шоири уротеппагиро гирифтааст. Аммо чунон ки С. Айни кайд мекунад, «дарачаи устод ва шогирд баробар буд».

Харчанд О. дар шеър камиктидор буд, аммо тазкиранависон ашъори уро таърифу тавсифи зиёд кардаанд. Чунончи, Афзал-махдуми Пирмасти менависад, ки «бахори афкораш басе тароватнасим аст ва гулзори анзораш бисёрхо латофатшамим аст». Дар тазкираи Хочи Неъматуллохи Мухтарам О. ба сифатхои «табъаш шурангез… шеъраш диловезу килкаш шакаррез» зикр шудааст. Девони мукаммали О. дастрас нашудааст. Он чи аз у дар баё тазкирахо дард шудааст, асосан мазмуни ишки дорад. Дар ашъораш калимахои чиноси ва та каллуфот бисёр ба кор бурдааст.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …