Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Ошик Мулло Абдуррахимбеки Бухорои

Ошик Мулло Абдуррахимбеки Бухорои

Ошик Мулло Абдуррахимбеки Бухорои (соли таваллуд номаълум—вафот 1910), шоири точик. Зиндаги ва фаъолияти эчодии Ошик дар Бухоро гузаштааст. Тазкиранависон таъкид кар­даанд, ки Ошик шоири хозирчавоб буда, дар мунозира хунари тамом дошт. Ашъори Ошик, ки асосан лирикист, борхо дар баёзу тазкирахо сабт шудааст. Ошик, хабар медихад Мухтарам («Тазкират-уш-шуаро») шеърро соддаву равон мегуфт ва машшоки мохир буд. Азбаски бо танбур навохои хуб менавохт ва сурудхои ошикона месуруд «Ошик» тахаллус дорад.

Намунае аз газалиёти Ошик:

Дил аз даст додаам, ёрон, ба дасти тифли бадхуе

Суманрухсору ширинкору шахрошуби чодуе.

Чаманоро бути нозукхкроме, кабкрафторе.

Кадакпаймо, махи шухе, шакаргуфтори дилчуе,

Зи хасрат об шуд гулгунчаро хуни чигар дар дил,

Сафо аз зулфи анбарбори у овард то буе.

Нигах дар чашми масти фитнаи хунрези чаллодаш,

Ба тарфн бустон вакшатгузин мастона охуе

Ба даври зулфу холу хати анбарфоми у Ошик,

Ба cap савдо, ба чон шайдо, ба тан аз заъф чун муе.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …