Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Осиёи Миёна

Осиёи Миёна

Осиёи Миёна 1) кисми осиёии территория, ки аз бахри Каспий дар Fарб то сархади Хитой дар Шарк ва аз бахштохи Аралу Иртиш дар Шимол то сархади Эрону Афгонистон дар Чануб тул кашидааст. То таксимоти миллию давлати (1924—25) Осиёи Миёнаро Мовароуннахр меномиданд, сони Осиёи Миёна меномидаги шуданд (Дар мукобили Осиёи Маркази). Дар адабиёти географии хоричи баъзан мафхумхои «Осиёи Миёна» ва «Осиёи Маркази»-ро аз хам фарк намекунанд.

Табиати Осиёи миёна. Кисми зиёди территорияи Осиёи Миёна  хамвор буда, онро пастии Турон ишгол кардааст (ба он аз Шимоли Шарк хамвори ва биёбонхои хавзаи Балхашу Алокул, аз Шимол кисми чанубии пуштакухи Тургай ва куххои пасти Казокистон бо ландшафти нимбиё­бони ва хушки дашти пайваст шу­даанд. Баландии дар кисми хамвории  Осиёи Миёна чой дошта аз — 28 метр (сохили шаркии бахри Каспий) то 300 метр, аммо чукурии баъзе пастхамихо аз сатхи бахр то 132 метр, дар кисми Карагии чануби Манкишлок, 81 метр (Окчакуй; шимоли гарбии Карокум) пастанд. Ба­ландин куххои баъзе чойхои биёбонхои Кизилкум (кухи Томдитог) то 922 метр мерасад.

Осиёи миёна

Барои территорияи хамвори Осиёи Миёна пай дар хам ивазшавии пасти ва хамворихои аккумулятиви, аз чумла бо регзорхои аллювиаливи ка­дим (кисми зиёдашро биёбонхои Карокум, Муюнкум ва гайра фаро гирифтааст), бо пахнкуххои пасту ба­ланд (пуштакуххои Устюрт, пахнкухи Красноводск ва гайра) ва хамворихои денудасиони (пасткуххои Казо- кистон, кисми шаркии биёбони Бет- пакдала ва гайра) хос аст. Биёбонхои Осиёи Миёна аз Гарб ба Шарк (аз бахри Каспий то куххои Тиёншон) ба масофаи зиёде аз 1000 километр тул кашидаавд ва кариб дар хамаи онхо растанихои гармопарвар меруянд, ки барои парвариши чорво (бузу гусфанд) ва шутур чарогоххои кулаянд. Дар биёбонхо шурзаминхо ва санглоххо низ хастанд. Хамворихои Осиёи Миёна барои дехкони, асосан барои кишти пахта на галла, истифода мешаванд.

Кисми чануби шаркии Осиёи Миёнаро сис­темам куххои Тиёншон (кухи «Галаба», баландинаш 7439метр) ва Помиру Олой, ки нуктаи баландтарини СССР аст (кухи «Коммунизм», 7495 метр), ишгол кардаанд. Дар чануби Осиёи Миёна каторкухи Копеттог чой гирифтааст, ки аз сатхи бахр то 2942 метр баланд аст. Иклими кисми хамвории Осиёи Миёна бештар ариди (биёбонию нимбиёбони) аст; дар куххо иклими кулхои калону хурд мавчуданд, ки калонтарини онхо бахри Арал ва кули Балхаш мебошад. Дарёхои ка­лонтарини Осиёи Миёна Аму ва Сир, Или ба бахри Арал ва кули Балхаш мерезанд.

Сарватхои зеризаминии Осиёи Миёна хеле зиёд ва гуногунанд. Дар водии Фар­гоаи Pеспубликаи Советии Cотсиалистии  Узбекистон, биёбони Карокум, ва дигар чойхо конхои нефт мавчуданд. Аз руи захирахои гази табий Осиёи Миёна дар СССР яке аз чойхои аввалинро ишгол мекунад. Конхои газ дар Газли, Шодлик, тилло дар Биёбони Кизилкум (Муринтог) мавчуданд.

Осиёи Миёна аз ангиштсанг бой мебошад, ки захираи он аз руи хисоби олимон ба 40,8 миллиард тонна (мувофики маълумотхои соли 1955) мерасад. Дар хавзахои Фону Ягноб (Работ, захирааш 846 миллион тонна ва Шуроб (захирааш 3 миллиард тонна). Охангарон (захирааш 2,8 миллиард тонна) ангиштсанги аълосифат истехсол карда мешавад. Дар чануби Казокистон ва Точикистони Шимоли конхои охан (захирааш 60 миллион тонна) хастанд. Дар Осиёи Миёна металлхои ранга ва дигар металлхои камёфт: мис, кургошим, нукра, тилло, симоб, вис­мут, калъагй ва гайра мавчуданд, ки ахамияти калони саноати доранд.

2) Осиёи Миёна территорияест, ки он Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Точикистон, Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Туркманистон., Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Узбекистон, Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Киргизистонро дар бар мегирад. Он райони иктисодии осиёимиёнагиро ташкил медихад..

Ахоли. Микдори умумии ахолии Осиёи Миёна 25 480 хазор нафар (1979), зичии ахоли дар 1 километр2 тахминан аз 1—4 (дар биёбон ва нимбиёбонхо) то 300 нафар (дар вилояти Андичони Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Узбекистон). Дар шахрхо 10 362 хазор нафар, ё худ кариб 41%и ахолии Осиёи Миёна зиндаги мекунад. Ахолии Осиёи Миёна аз соли 1940 то 1979 кариб 2,5 баробар афзуд. Ин натичаи дар СССР аз хама зиёд будани микдори таваллуд (3—4%) ва инчунин миграсияи ахоли (аз соли 1953 то 1974 ба Осиёи Миёна ва Казокистон ка­риб 1. 2 млн кас кучгада омадааст) мебошад. Ахолии махаллии Осиёи Мёна точикон, узбекхо, туркманхо, киргизхо, каракалпокхо ва гайра мебошанд. Аз сабаби он ки халкхри Осиёи Миёна асрхо якчоя зиндаги ва алока доранд, дар сохаи маданияти модди ва маънавии онхо бисёр чихатхои муштаракро дидан мумкин.

Ин чихатхои муштарак пеш аз хама дар натичаи ягонагии таърихи ва наздикии унсурхои этники ба вучуд омадаанд. Дар натичаи тараккиёти дуру дарози этники гуруххои мардуми кучманчи, ки кисмашон аз берун омада, дар зинахои гуногуни таърихи дар Осиёи Миёна чойгир шудаанд, халкияти калонеро ташкил додаанд. Дар шароити сохти советии точикон, узбекхо, киргизхо, туркманхо, карокалпокхо хамчун миллати сотсиалисти ташаккул ёфта, сохиби республикаи миллии худ гардиданд. Ба гайр аз халкхои номбурда дар Осиёи Миёна дигар халкхои СССР — русхо, тотору бошкирдхо, казокхо, украинхо, белорусхо, мордвахо, арманхо. гурчихо, озарихо, осетинхо ва дигар зиндаги мекунанд.

Инчунин халкхое низ хастанд (яхудихо, кореягихо, уйгурхо, дунганхо, арабхо, курдхо, эролихо, балучхо ва дигар), ки кисми онхо берун аз хоки О.сиёи Миёна зиндаги мекунанд. Хамаи республикахои Осиёи Миёна сермиллатанд. Ахоли бо забонхои модари, инчунин гурухи забонхои гуногун гап мезанад. Туркзабонхо, ки аз гурухи туркии оилаи олтой мебо­шанд, 70%-и ахолии Осиёи Миёнаро таш­кил медиханд: узбекхо —12102 хазор, туркманхо —4998 хазор , киргизхо — 1877 хазор, карокалпокхо —298 хазор, Казокхо — 727 хазор, тоторхо — 841 хазор нафар ва гайра. Ба забонхон гурухи эронии оилаи хиндуевропои точикон 2855 хазор кас, аз чумла ягнобихо ва халкхои Помир, шугнонихо, рушонихо, вахонихо, ишкошимихо, язгуломихо ва дигар, ки кариб тамоман бо точикон омехта шуда­анд), инчунин курдхо ва балучхо — хамаги кариб 11% (мувофики маълумоти соли 1970) ахолии Осиёи Миёна гап мезананд. Дар вилоятхои хамшафат (махсусан дар Бухоро ва Самарканд) точикон ва узбескхо маскун буда, аксарияти онхо хар ду забонро нагз медонанд. Забони яхудиён низ то­чики буда, махсусиятхои лахчави дорад, арабхо ба узбеки ё точики (вобаста ба он ки бо кадом халк якчоя зиндаги мекунанд) гап мезананд.

чугихо — ба точики. Русхо (3322 хазор) ва украинхо (296 хазор нафар), ки асосан дар шахрхо (дар Pеспубликаи Советии Cотсиалистии  Киргизистон бошад, баръакс дар кишлокчойхо) зиндаги мекунанд, ки кариб 17%’ ахолии Осиёи Миёнаро ташкил меди­ханд (Ракамхои зикршуда мувофики руйхатгирии соли 1979). Кисме аз онхо (махсусан онхое, ки дар Осиёи Миёна дер боз зиндаги мекунанд) ба гайр аз забони модарии худ забони хамон халкхои махаллиеро медонанд, ки бо онхо якчоя зиндаги мекунанд. За­бони руси ба забонхои махалли таъсири калон мерасонад. Забонхои халкхои Осиёи Миёна таркиби лугавии худро аз хисоби забони руси бой кар­да, аксарити истилохоти сиёси ва илмию техникиро аз он гирифтаанд. Забони руси тадричан ба забони байнимиллии халкхои Осиёи Миёна табдил ме- ёбад. Халкхои махаллии Осиёи Миёна ба воситаи забони руси на танхо бо адабиёт ва маданияти бои халкхои сермиллати совети, балки бо осори маънавии халкхои тамоми дунё шинос мешаванд.

Таърихи омузиши Осиёи Миёна Бо маълумотхои аввалин оид ба кабилаю халкхои кадимии Осиёи Миёна дар аксария­ти осори муаррихону географхои юнонию рими Геродот, Ксенофонт, Полибий, Диодори Ситсилияги, Стра­бон, Плутарх, Арриан ва дигар дар асрхои аввали милод бошад, дар кайдхои сайёхони хитои Сюан Сзан. Чжан Сяи, Хой Чао (оид ба сарватхои табии Осиёи Миёна), дар асрхои 9—10 дар осори олимон Балозури, Табари, Ясуби, Наршахи, Ибни Хурдодбей, Ибни Фазлон, Ибни Хавсал, Мукаддаси (оид ба таъриху маданият), дар «Худуд-ул- олам» ва гайра дучор меоем.

Олимони асрхои 11—12 Беруни, Байхаки, Гардези, Махмуди Кошгари, Юсуфи Баласагуни ва дигар дар осори худ дар бораи шаклхои заминдори, кишту кор, этногенез, муаллими асри 13 Ибни Асир, Чувайни, Ибни Батутта рочеъ ба тарзи зиндагии точикону дигар халкхои мукимии Мовароуннахр маълумот додаанд. Дар асри 13 саёхони аврупои Плано Карпини, Бил­лем Руюрук, Марко Поло, Клавихо баъди сафархои худ ба Осиёи Миёна, аврупоиёнро бо тарзи зисти халкхои ин билод, аз чумла точикон мешиносонанд.

Уламои асрхои 14—15 Рашидуддин, Хофизи Абру, Хамдуллои Казвини, Абдурраззоси Самарканда, Низомуддини Шоми, Мирхонд, Хондамир дар осори худ бештар ба масъалахои таърих, география ва этнаграфияи халкхои Осиёи Миёна диккат додаанд. Мероси муаллифи асри 16 Восифи, Хофизи Таниш, Афзалуддин Фазлуллох, Бобур, Махмуди Гиждувони, Махмуди Натанзи, Махмуд ибни Вали дар омузиши Осиёи Маркази ахамияти калон доранд. Зумра масъ- алахои таърихи Осиёи Миёна дар осори олимони асрхои 17—18 Мухаммадюсу- фи Мунши, Мирмухаммад Амини Бухорои, Абдурахмони Толеъ ва дигар инъикос гардидаанд.

Дар асри 16 байни Осиёи Миёна ва давлати Рус муносибатхои тичорати мукаррар гардида, бо максади шиносои бо ин кишвар аз тарафи шохони рус як катор экспедисияю сафоратхо (Ф. Беневини, А. Ченкинсон) ташкил карда мешавад. Баррасии бисёр масъалахои таърихи ичтимоию иктисодии халкхои Осиёи Mиёнаpo дар осори муаррихони асри 19 Мухам­мад Хакимхон, Абутохирхоча, Мирзошамси Бухорои, олиму мутафаккири точик Ахмади Дониш мебинем.

Баъди ба Россия хамрох шудани Осиёи Миёна Чамъияти географии рус бо сарварии П. П. Семёнов-Тяншанский дар омузишу тадкики таъриху ге­ографияи ин кишвар роли калон бозид. Солхои 70 асри 19 дар Тошкент

Китобхонаи оммавии Туркистон ташкил ёфт. Библиаграфи рус И. И. Межов (иборат аз 416 чилд «Мачмуаи Туркистон» .мураттаб сохт. Дар охири асри 19 — ибтидои асри 20 ба нохияхои гуногуни Осиёи Миёна, аз чумла ба Помир (А. П. Федченко, В. Ф. Ошанин), Бухорои Шарки (Н. А. Маев, А. П. Карпинский), водии Зарафшон (Л. Л. Кун, К. Г. Залеман), водии Фаргона (Н. А. Северсов, Г. Е. Грум-Гржимайло ва дигар экспедисияхои сершумори илми ташкил карда шуданд.

Барои тадкики хаматарафаи Осиёи Миёна чамъияхои махсуси илми таъсис ёфтанд. Дар байни мухаккикони таърихи Осиёи Миёна а к адемик В. В. Бартолд, М. С. Андреев ва А. А. Семёнов чои намоёнро ишгол менамоянд. Киш- варшиносони махаллии охири асри 19— ибтидои асри 20. Акрамполвон Аскаров, Абусаид Махдум, Мирзои Бухорои, Хочи Антика, Хочи Юсуф Мирфаёзов дар тадкики таъриху маданияти кишвари худ хиссагузори кардаанд.

Омухтани Осиёи Миёна пас аз барпо шудани Хокимияти Совети авч гирифт. Дар тадкики комллесксии Осиёи Миёна олимони машхури совети Е. Н. Павлов­ский, А. А. Фрейман, С. Ф. Олден­бург, М. М. Дяконов, М. Е. Массон, В.М. Массон, А. П. Окладников, П. Толстов, А. Ю. Якубовский, Г. Ф. Дебес, А. М. Белениский, В. А. Лившис, Б. А. Литвинский ва дигар хиссаи арзанда гузоштанд. Хусусан хизмати Б. Г. Гафуров дар тадкики таъриху тамаддуни халкхои Осиёи Миёна нихоят калон аст. Барои тадкики комплексии Осиёи Миёна борхо экспедисияи археологию этнографи таш­кил карда шуданд.

Дар Точикистон баъди таъсиси (1951) Институти таърихи ба номи Ахмади Дониш тадкики комплексии Осиёи Миёна вусъат ёфт. Олимон 3. Ш. Рачабов, С. А. Рачабов, Б. И. Искандаров, А. Мухторов, Н. Неъматов, В. А. Раков, А. Чалилов, М. Шукуров ва дигар ба тадкики таъриху тамаддуни халкхои Осиёи Миёна, аз чумла точикон машгуланд.

Очерки таърихи. Осиёи Миёна аз кадимтарин марказхои чамъияти инсони мебошад. Ёдгорихои даврахои гуногуни чамъияти ибтидои, монанди Карокамар, Огзикичик,  Шугнов, Октанги Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Точикистон), Оби Рахмат, Амон Кутан, Гори Темур, кули Комсомол, Тешиктош Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Узбекистон). олотхои мехнат, ки аз наздикии шахри Красноводск Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Туркистон), Тиёншони Маркази, кисми шаркии водии Фаргона ва гайра ёфт шудаанд, далели онанд, ки ахо­лии ин мавзеъхо 200—300 хазор сол то милод гурух-гурух зиндаги карда, дар ташаккули одами намуди хозира — homo sapiens иштирок кардаанд.

Скелети писарбачаи 12-сола, ки аз гори Тешиктош ёфт шудааст, нишон медихад, ки ма-шгулияти асосии онхо шикори хайвоноти вахши буд. Дар хазорахои 30 то ,милод дар кисмхои тараккикардаи Осиёи Миёна ахоли ба сохти авлоди мегузарад. Дар асри нави санг — неолит ва асри сангу мис — энеолит (хазорахои 6—4 то милод) ахо­лии доманахои куххои Копетдог ва сохилхои дарёи  Аму ба зироаткори ва чорводори мегузаранд. Ёдгорихои аввалини ахолии зироаткори ин давра бо номи маданияти Чайтун (ха­зорахои 6—5 то милод) маълум аст. Ёдгорихои ин маданият дар доманахои куххои Копетдог (Pеспубликаи Советии Cотсиалистии  Туркистон) кашф гардидаанд.

Ахолии ин чойхо ба хунарманди (кулолгари, бофандаги) низ машгул буданд. Ёдгорихои дар доманахои куххои Хисор ёфтшуда низ ба даврахои неолит тааллук дошта, бо номи маданияти Хисор маълуманд. Ба маданиятхои энеолит ва асри биринчи маданиятхои Анов (хазорахои 5—2 то милод) Сафолитеппа, Чуст, Дилварзинтеппа, Замонбобо, Кайроккум, Вахт, Бешкент, Саразм хосанд. Ахолии давраи маданиятхои Анов (Намозгохтеппа, Каротеппа, Олтинтеппа, Тохирбойтеппа, Гуксур), Сафолитеппа, Чует, Дилварзинтеппа ва кисман Кайроккум асосан ба зироаткори ва чорводории хочаги машгул буданд. Маданияти Бешкент ва Вахон танхо ба территорияи Pеспубликаи Советии Cотсиалистии Точикистон хос мебошад. Ба осори ин маданият ёдгорихои Ариктов, Тулхор, Сои Па­лангон, Ойкул, Чаркул, Вахш, Мако­ни Мор, Ахтам Сахоба ва дигар монанданд.Дар асри биринчи кабилахои Осиёи Миёна ба комёбихои калон сохиб шуданд. Зироат ба василаи обёрии суньи таракки мекунад, аз сохти модаршохи ба падаршохи гузаштан огоз меёбад, шахрхои калони (масохаташон аз 10 то 70 гектар) истехкомдор пайдо мешаванд.

Асри охан. Дар чоряки аввали хазораи 1 то  милод ахолии Осиёи Миёна коркард ва истифодаи оханро омухт, ки вай ба­рои тараккиёти минбаъдаи чамъият ахамияти калон дошт. Дар Осиёи  Миена ёдгорихои асри охан бисёранд. Бостоншиносон дар чануби Точикистон (Калъаи Мир), дар Помири Шарки, Точикистони Шимоли (Кайроккум), Узбекистон, Туркманистон ва дигар чойхо бошишгоххои асри оханро ёфтанд. Санаи ташаккули сугдиён, хоразмиён, бохтарихо ва дигар кавмхои бостонии Осиёи Маркази ба хазораи 1 то милод рост меояд.

Дар охири хазораи 2 ва аввали хазораи 1 то милод дар Осиёи Миёна сохти чамоаи ибтидои ру ба таназзул нихода, нахустин давлатхои гуломдории Бoxтар, Сугд ва Хоразм пайдо шуданд. Дар миёнахои асри 6 то милод кисми зиёди Осиёи  Миёнаро шохи Эрон Куруши II истило намуда, онро ба давлати Хахоманишиён хамрох кард. Мувофики маълумоти муаррихи юнони Ге­родот (асри 5 то милод) Куруши II бо максади истило кардани заминхои кабилахои бодиянишин ба вилоятхои шимоли шаркии Осиёи Миёна лашкар кашид, аммо аз массагетхо, ки ба онхо ма­лика Тумириса сардори мекард, ши­каст хурд.

Солхои 329—327 то милод Искандари Макдуни бо душвори Осиёи Миёнароро забт намуд. Ахолии махалли ба истилогарон мукобилияти сахт нишон дод. Лашкари Искандар аз чумла дар Истаравшан ба мукобилияти сахт дучор шуд. Пойтахти Истаравшан шахри Курукада (Уротеппаи хозира) баъди мухосираи дуру дароз ба дасти юнонихо гузашт. Искандар то наздикии Хучанд омада, сохили чапи дарёи Сирро ба истехком табдил дод ва ба он Искандарияи Аксо ном гузошт.

Ин шахр-истехком мебоист худуди шимоли шаркии давлати Искандарро аз кабилаи бодиянишини сакоихо мухофизат мекард. Дар ин вакт дар Сууд ва Бохтар шуриш cap зад, ки ба он лашкаркаши боистеъдод Спитамен рохбари мекард. Факат баъди задухурдхои зиёде Ис­кандар дар Сугд ва Бохтар оромии инсонро чори карда тавонист ва тобистони 327 то милод аз дарёи Аму гу- зашта, ба тарафи Хиндустон рафт. Баъди марги Искандари Макдуни (соли 323 то милод) Осиёи Миёна ба хайати дав­лати сулолаи Селевкиён дохил шуд. Дар ин давра бохтарихо, сугдихо ва дигар халкхои Осиёи Миёна ба мукобили давлати Селевкиён муттахид шу­данд. Дар миёнаи асри 3 то милод дар кисми чануби гарбии Осиёи Миёна давлати Порт ва дар территорияи Бохтар ва Сугд давлати Юнону Бохтар ташкил ёфт.

Дар байни солхои 140—130 то милод давлати Юнону Бохтар дар зери фишори иттиходияи кабилахои бодия­нишини йучихо аз байн рафт. Дар асохои 2 то милод; дар Осиёи Миёна як катор давлатхои гуломдори (дар шимоли шаркии— Кангюй, дар водил Фаргона — Давон пайдо шуданд. Давраи гул-гулшукуфии маданияти гуломдори дар Осиёи Миёна ба асрхои 1—4 милод— давраи хукмронии давлати Кушониён рост мео­яд. Ин давлат дар вилоятхои чануби Осиёи Миёна ба вучуд омада буд. Пойтахти давлати Кушониён шахри Балх (хозира Афгонистони Шимоли) буд.

Баъди таназзули давлати Порт (дар нимаи аввали асри 3 милод) вилоятхои гарбии Осиёи Миёна ба ихтиёри давлати Сосониён мегузаранд. Дар асри 4 ва 5 милод дар территорияи Бохтар ва Сугд давлати Хайтолиён ташкил меёбад, пойтахташ шахри Бодиён (Афгонистони Шимолии хозира) буд. Давлати Хайтолиён пуркувват шуда, хатто бо давлати Сосониён ракобат мекард. Дар охири асри 5 —аввали асри 6 ба давлати Хайтолиён кариб тамоми вилоятхои Осиёи Миёна ва хатто Кошгару Хутан дохил мешуданд. Давла­ти Хайтолиён аз зарбаи кабилахои кучманчии турк, ки аз Хафтруд ба Осиёи Миёна зада даромада буданд, пароканда шуд ва территорияи вай ба Хоконии турк тобеъ гардид.

Дар ин вакт Осиёи Миёна ба як чанд мулкхои калону хурд таксим мешуд, ки онхоро подшохон ва хокимони махалли идоpa мекарданд. Дар асрхои 7—8 дар водихои Зарафшону Кашкадарё давлати Сугд ва дар вилоятхои чануби Узбекистон, Точикистон ва Афгонистони Шимоли гурухи давлатхои Тахористон мавчуд буданд. Вилоятхои Хоразм, Истаравшану Фаргона низ мулкхои пуриктидор буданд.

Дар аввали асри 8 хилофати араб ба истилои Осиёи Миёна шуруъ карда, онро бо душвори забт намуд. Солхои 720—722 дар Сугд шуриши калони зидди ис- тилогарон cap зад. Сугдиён бо ёрии туркони бодиянишин лашкари хи­лофатро шикаст дода, Самаркандро муваккатан озод карданд. Аввалин хучуми лашкари араб ба Хатлон (хозира вилояти Кулоб) бо маглубияти арабхо анчом ёфт. Нихоят истилогарон Осиёи Миёнаро забт карда, дар ин чо зуран дини исломро чори намуданд. Ба ахолии Осиёи Миёна андозхои вазнин, аз чумла андози сарикаси ва дигар ухдадорихои натурали бор карда шуд. Хукмрони ва зулму истибдоди хи- лофат ба шуришхои сершуморе оварда расонд. Калонтарин шуриши зидди хилофат шуриши «сафедчомагон» буд, ки ба он Хаким ибни Хо­шим мулаккаб ба Муканнаъ рохбари мекард.

Дар асри 9 Осиёи Миёна аз хилофати араб чудо шуд ва дар территорияи он нахустин давлати мустакили точикон — аввал Давлати Тохириён ва сони давлати Сомониён ба вучуд омаданд. Дар замони хукмронии сулолаи Сомониён (асри 9—10) точикон ягонаги ва мустакилии сиёсии кишварро таъмин на­муданд, ки ин боиси тараккй кардани куввахои истехсолкунандаи хочагии кишлок, хунарманди, савдо ва илму маданият гашт. Дар охири асри 10 кисми шаркии Осиёи Миёна ба давлати Карохониён ва cамти  чануби дарёи Аму ба давлати Газнавиён дохил шуд. Дар аввали асри 12 Осиёи Миёнаро (карокидоиён) забт карданд. Аз нимаи дуюми асри 12 cap карда ахамияти сиёсии Хоразм меафзояд. Ба Хоразмшох Алоуддин Мухаммади II (1200—20) муяссар шуд, ки карокидоиёнро аз Мовароуннахр ва Казокистони Чануби танг карда барорад.

Дар асри 9—10 ташаккули халкияти токик ба итмом расид. Ташаккули халкиятхои узбек, туркман ва дигар халкиятхои Осиёи Миёна дар асрхои мин- баъда давом дошт. Асрхои 9—12 дар Осиёи Миёна муносибатхои феодали пурра баркарор шуданд. Шахрхои калонтарин — Бухоро, Самарканд, Хучанд, Марв, Балх, Нишопур, Урганч марказхои мухимми иктисоди, мадани ва дини гардиданд. Як зумра симохои барчастаи илму фарханг Форобй, Абуалии Сино. Абурайхони Беруни, Абуабдуллои Рудаки, Наршахи, Носири Хисрав ва дигар то ба арсаи маданияти чахони баромаданд.

Дар асри 13 водихои ободи Осиёи Mиёна ба харобазор табдил ёфтанд. Соли 1219— 20 кушунхои Чингизхон Осиёи Миёнаро забт намуд. Дар ибтидои хучуми Чингизхон ба Осиёи Миёна ахолии шахри Хучанд бо сардории Темур малик ба лашкари мугул мукобилияти сахт нишон дод. Соли 1238 дар Бухоро бар зидди истилогарон шурише ба амал меояд, ки ба он косиби элакбоф Махмуди Тороби сардори мекард. Дар асри 14 бошад, дар Осиёи Миёна шуришхои калони зиддимугул ба амал омадаанд, ки ба онхо Сарбадорон сарвари кардаанд. Дар нимаи дуюми асри 14 Осиёи Миёнаро Темур (1370—1405) ба худ тобеъ намуд.

Дар давраи хукмронии Темур ва ворисони у дар Осиёи Миёна муносибатхои феодали ба авчи тараккиёт расиданд. Феодалон хукукхои васеи судию маъмури ва ан- дозгири дошта, амалан хокимони мустакил буданд. Ба воситаи истисмори берахмонаи ахолии мехнаткаш ва горат кардани мамлакатхои хамсоя мадрасахо, макбарахо, масчидхо, корвонсаройхо, пулхо сохта мешуданд. Пойтахти давлати Темур шахри Самарканд ба маркази калони савдо ва маданият табдил ёфт. Дар ин давра хунарманди ва савдо таракки мекунад. Шоири машхури точик Абдурахмони Чоми, шоир ва мутафаккири бузурги узбек Алишери Навои намояндагони барчастаи адабиёти ин давра буданд. Хокими Са­марканд Улугбек мактаби маъруфи ситорашиносонро таъсис кард.

Дар аввали асри 16 кабилахои кучманчии узбек Мовароуннахрро забт кар­да, давлати Шайбониёнро ташкил намуданд, ки он баъди аз Самарканд ба Бухоро (соли 1557) гузарониданд пойтахт (дар замони Абдуллоххони II) хонии Бухоро ном гирифт. Дар заминхои Хоразм бошад, хонии Хева ташкил ёфт. Дар асрхои 17—18 дар Осиёи Миёна парокандагии феодали авч мегирифт. Дар байни хонихои Бухоро ва Хева доим чанг мерафт. Ин чангхо хонихои Бухоро ва Хеваро суст карда, боиси харобии хочагии кишлок, хунарманди, савдо, кашшокшавии дехконон ва косибон гардиданд.

Дарачаи инкишофи ичтимоию иктисодии халкхои Осиёи Миёна гуногун буд. Дар вилоятхои ахолиашон бодиянишин хо- чагии натурали хукмрон буд. Ахо­лии мукими бо дехкони машгул буд. Муносибатхои аграри дар ин давра дар Осиёи Миёна хеле мураккаб буданд. Дар хонихои Осиёи Миёна чунин шаклхои заминдори мавчуд буданд: заминхои давлати, хусуси ва заминхои муассисахои дини (вакф). Ичорагирандагони замин то 40—50% хосилро ба сохибони замин медоданд. Бори андоз нихоят вазнин буд. Дехконон гайр аз адои андози давлати ба амалдорон ва хокимони махалли низ андозу хироч медоданд, дар сохтмони роххо, калъахо, кандани чуйборхо ва таъмири онхо бемузд иштирок мекарданд. Гуломдори ва хариду фуруши гуломон дар Осиёи Миёна то нимахои асри 19 вучуд доштанд. Адабиёт ва санъат суст таракки мекард.

Солхои 40 асри 18 ба Осиёи Миёна шохи Эрон Нодиршох лашкар кашид, аммо баъ­ди марги вай давлаташ пароканда шуд ва дар Бухоро сулолаи Мангития то соли 1920 хукмрони кард. Ба гайр аз аморати Бухоро дар асри 18 хонии Хева ва якчанд мулкхои мустакили феодали мавчуд буданд, ки дар байни онхо чангхои доими мерафтанд.

Дар асри 16 дар инкшофи муносибатхои дипломати ва тичоратии хо­нихои Осиёи Миёна ва Россия давраи нав огоз ёфт. Асрхои 16—17 хонихои Хеваю Бухоро ба Россия бештар аз 60 хайати сафирон фиристода, дар навбати худ 10 хайати сафиронро ка­бул карданд. Асри 18 ва нимаи аввали асри 19 муносибатхои тичоратии байни Бухорою Хева ва Россия инкишоф ёфт. Кариб 25% ашёи хоми аз Осиёи Миёна мегирифтагии Россияро пахта ташкил медод. Дар худи соли 1862 аз Осиёи Миёна ба Россия 343 хазор пуд пахта бароварда шуд. Дар ин давра талаботи саноати Россия (махсусан баъди бекор кардани хукуки крепостной) ба ашёи хом, махсусан пахта меафзуд ва онро мебоист аз Осиёи Миёна мегирифт.

Дар он солхо хукуматдорони англис хам максади ба худ тобеъ кардани Осиёи Миёнаро доштанд. Дар натича масъалаи Осиёи Миёна боиси кашмакашии дип­ломатии Россияю Англия гардид. Нихоят Россия солхои 60 асри 19 ба Осиёи Миёна лашкар кашид ва аз зиддияти байни хонии Куканду аморати Бу­хоро истифода бурда, кисми зиёди хонии Куканд ва як кисми территорияи Бухороро ишгол кард ва соли 1867 генерал-губернатории Туркистонро таш­кил дод. Аз руи шартномаи соли 1838 аморати Бухоро истиклолияти худро аз даст дода, ихтиёран ба Рос­сия дохил шуд. Соли 1873 хонии Хева хам ба Россия хамрох шудани худро эътироф кард. Россия аз кашмакашхои дохилии хонии Куканд истифода бурда, соли 1876 онро пурра бархам дод. Баъзе кисмати Туркманистон дар натичаи экспедисияи Ахалтекин (1880—81) ба Россия хам­рох шуд.

Соли 1884—85 Атрек, Тачап. Марв ва нохияи Панд ихтиёран ба хайати Россия дохил шуданд. 10 сентябри 1885 дар Лондон намояндагони хукумати Россия ва Англия прото­колеро имзо карданд, ки мувофики он нохияи Панд то дарёи Кушка ба Россия гузашт. 27 августи 1895 байни Россияю Англия шартномаи дигаре ба имзо расид, ‘ки мувофики он сархади байни Россияю Афгонистон дар Помир муайян карда шуд: заминхои тарафи чапи дарёи Панд, ки аз бекихои Рушон, Шугнон ва Дарвоз буданд ба Афгонистон ва заминхои тарафи рост ба аморати Бу­хоро гузаштанд.

Ба Россия хамрод гардидани Осиёи Миёна ба тараккиёти иктисодиёти ин кишвар такон дод. Чангхои пай дар хаме, ки байни давлатхои Осиёи Миёна  мешуду хочагихоро хароб мокард, хотима ёфтанд. Мувофики шартномахои соли 1873, ки Россия бо амири Бухоро ва хони Хева имзо кард, дар ин сарзамин гуломхарию гуломфуруши манъ карда шуд. Xочагии кишлоки Осиёи Миёна бa манбаи ашёи хоми саноат, асосан пахта, табдил дода шуд. Дар баробари та- раккиёти пахтакори дар Осиёи Миёна заводхои пахтатозакуни, равганкаши, хуроквори ва дигар корхонахои саноати ба вучуд (меомаданд, ки ин ба ташакку- ли пролетариати махалли замина ба вучуд овард. Барои тараккиёти му- носибатхои молию пули дар Осиёи Миёна сохтмони рохи охан Закаспий (1880—89), пайвастани рохи охани Тошкент—Оренбург (1905), сохтани рохи охани дар водии Фаргона ва аморати Бухоро (1910—16) ахамияти калон дошт.

Баробари чихатхои мусбати объек­тиви ба Россия хамрох шудани Осиёи Миёна чихатхои манфи хам дошт. Хукумати подшохи дар Осиёи Миёна  тартиботи мустамликавиро чори намуд. Дар аморати Бухоро ва хонии Хева ху- кумати подшохи тартиботи пештараи иртичоии феодалиро дастгири мекард. Хукумати подшохи синфи дорои Осиёи Миёнаро дастгири намуда, инчунин бо максади ба худ пайдо кар­дани такягох махалхои руснишинро ташкил медод.

Солхои 90 асри 19 дар кишвари Туркистон шумораи махал­хои руснишин ба 44 расид. Манфиатхои милли ва иктисодии халкхои махалли ба инобат гирифта на-мешуд. Зулму истибдод давом мекард. Ин холат боиси шуришхои калони халки, ба монанди шуришхои Хучанд (соли 1872, 1880), Уротеппа (1873, 1875, 1880), калонтарин шуриши дехконон дар Бухорои Шарки бо сардории Восеъ (1885—87), чунбиши калон дар Ташкент (1892), калонта­рин харакати милии озодихохии халкхои Осиёи Миёна ва Казокистон (шу­риши 1916 ва гайра) гардид.

Баробари ба давраи империализм дохил шудани Россия дахолати ка­питали рус ва хорича ба иктисодиёти Осиёи Миёна авч гирифт. Кариб дар тамоми шахрхои Осиёи Миёна, аз чумла Бухорою Хева шуъбахои банки давлати ва банкхои шахси кушода шуданд, коркарди нефт ва ангишт огоз ёфт. Вале катъи назар аз хамаи дигаргунихои иктисоди Осиёи Миёна нисбат ба маркази Россия чун мамлакати аграри — мустамликави, манбаи ашёи хоми саноат ва бозори фуруши махсулоти саноат мондан гирифт.

Гайри чашмдошти хукумати подшохи ва хукуматдорони Бухорою Хева ба хам наздикшавии сиёси ва мадании халкхои махалли ва коргарони рус, зиёиёни демократ ва дехконони мухочир ба вучуд омад, ки ин ахамияти калон дошт. Маърифатпарвар, мутафаккири барчастаи халки точик Ахмади Дониш (1827—97), ки се маротиба ба Россия сафар кардааст дар асари худ «Наводир-ул- вакоеъ» кафомонии иктисоди ва мадании иморатии Бухороро танкид карда, зарурати наздикшаи ва дустии халкхои Бухоро ва Россияро ташвик менамуд. Мехнаткашони Осиёи Миёна аз як тараф аз маданияти демок­ратии халки рус хабардор мешуданд, аз тарафи дигар ба муборизаи револютсионии пролетариати рус хамраъйи мекарданд.

Мехнаткашони Осиёи Миёна ва рус дар симои хукумати подшохи душмани ягонаи худро медиданд. Махсусан коргарони махаллие, ки бо коргарони рус кор мекарданд дар харакати револютсионии пролетариати рус фаъолона иштирок доштанд. Ба ин баромадхои коргарон дар рохи охан Закаспий. Куканд ва Самарканд, ки солхои 90 ба вучуд омада буд, мисол шуда метавонад. Дар солхои 1903—05 дар як катор шахрхои Осиёи Миёна кружокхои сотсиал-демократ ба вучуд омаданд, ки дар онхо револютси­онерони махалли низ фаъолона иштирок мекарданд. Дар солхои 1905—07 Осиёи Миёнаро хам харакати револютсиони фаро гирифт, ки он кисми таркибии Револтсияи 1905—07 рус буд.

Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр дар таърихи халкхои Россия давраи нав кушод. Онхо махз ба шарофати хамин револютсия аз зулми милли ва мустамликави озод шуданд. Мехнаткашони Осиёи Миёна бо кумаки пролетариати рус аз ноябри 1917 то марти 1918 дар кишвари Туркистон ва махалхои руснишини Бухорою Хева Хокимияти Советиро ташкил намуданд. 30 апрели 1918 Республикаи Автономии Советии Сотсиалистии Туркистон ташкил шуд. 2 феврали 1920 дар Хева, 2 сентябри 1920 дар Бухоро револютсияи халки галаба кард. Дар натика Республикаи Халкии Сове­тии Хоразм (30 апрели 1920) ва Рес­публикаи Халкии Советии Бухоро (8 октябр 1920) ташкил шуданд.

Солхои 1923 Республикаи Халкии Сотсиалистии Хева ва 1924 Республикаи Халкии Сотсиалистии Бухоро ба республикахои сотсиалисти табдил ёфтанд. Аксари кулли ахолии Осиёи Миёнаро дехконони камзамин ва безамин таш­кил медоданд. Бинобар ин солхои 20 дар Осиёи Миёна ислохоти замину об гузаронида шуд.

Соли 1924 таксимоти миллию давлатии республикахои Осиёи Миёна  гузаронида шуд, ки дар натичаи он Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон (1924), Республикаи Со­ветии Сотсиалистии Туркманистон (1924), Республикаи Советии Сотсиа­листии Точикистон (1929; аз соли 1924 Республикаи автономи) ва Респуб­ликаи Советии Сотсиалистии Киргизистон (1936, аз 1924 вилояти Карокиргиз, аз 1926 Республикаи автономи) ташкил ёфтанд. Халкхок Осиёи Миёна баъди индустриякунони,  коллективонидани хочагии кишлоки ва револютсияи мадани давраи капитализмро аз cap нагузаронида, аз феодализм бевосита ба сотсиализм гузаштанд ва холо якчоя бо дигар халкхои ватанамон дар оилаи ягона бахри сохтмони чамъияти коммунисти мехнат мекунанд.

Адабиёт: Владимир Илич Ленин о Средней Азия в Казахстане, Ташкент, 1900; Народы Сред­ней Азии и Казахстана, том1—2, Москва, 1902—03; Массон В. М.. Средняя Азин и Древний Восток, Москва— Ленинград, 1904; X а л ф и н Н. А., Присоединение Средней Азии к России (00—90-е гг. XIX в.), Москва, 1905; Гафуров Б. Г., Таджики. Древнейшая, древняя и средневековая история, Москва, 1972; К социализму, минуя капитализм. Исторический опыт КПСС по социалисти­ческому строительству а Средней Азии и . Казахстане в 1917—1937 гг., Москва, 1974; Торжество ленинских идей пролетарско­го интернационалиама. На материалах республик Средней Азии и Казахстана 1917—1972 гг.. Москва, 1974; Негматов Н.. Государство Саманидов, Душанбе, 1978.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …