Маълумоти охирин

Ошхона

Ошхона, кароргоки одамони асри санг, ки дар баландии 4200 метр аз сатхи бахр дар нишебихои чануби каторкуххои Паси Олой, дар сохили шохоби чапи дарёи Уйсу — дар Ошхоначилга ва 15 километр дуртар аз пиряхи Уйсу, 30 километр дуртар аз куллаи Ленин вокеъ аст. Солхои 1958—60 бостоншиноси совети В. А. Ранов кашф намуд ва омухт, 1974—75 В. А. Жуков тадкикоти онро давом дод. Аз руи мавкеи географи Ошхона баландтарин кароргохи одамони асри санг ба шумор меравад. Кароргох дар доманаи сангтудахои баланди давраи охирини яхбанди чойгир аст.

Кабатхои маскун дар суфачаи якуми сохили дарё, дар кабати 1,5 метр гили регдор боки мондааст. Хамаги се кабати маскун кушода ва аз онхо зиёда аз 4 хазор ашё ёфт шудааст. Помирихои кадим асосан аз регсанги кварситшакл, инчунин аз чакмоксанг, кварсит ва булури кухи олот тайёр мекардаанд. Тарзи тайёр кардан ва олоти Ошхона аз олоту усули тайёр кардани он дар минтакахои пасткух ва водихои Осиёи Миёна фарк мекунад. Дар Ошхона тарзи кадимтарини палеолитии тайёр кардани олот (тарошкордхои дагали тегаш росту барчаста, белчакордхо ва гайра) ба назар мерасад, ки ба давраи маданияти мезолити ва хатто ба маданияти неолити (нуклеусхои май­да, пайконхои сангин ва гайра) хос аст. Дар натичаи омухтани бозёфтхои Ошхона муайян гардид, ки онхо ба хазорахои 8—5 то милод мансубанд.

Дар кабатхои маскун оташдонхо боки мондаанд, ки дар атрофи онхо бозёфтхои археологи чамъ шудаанд. Ба гайр аз олоти сангин, ки кисми асосии бозёфтхоро ташкил медихад, инчунин олоти устухони ва якчанд марчонхои устухони ёфт шудаанд. Устухони хайвонхои хозира: оху, сугур, заргуш, инчунин устухони мургон дучор мешаванд. Материалхои Ошхона, ки ба маданияти Маркансуи По­мири Шарки мансубанд, барои омузиши таърихи маскуншавии одамони ибтидои дар куххои Осиёи Миё­на ва дигар районхои минтакаи кас- ногузари баландтарини каторкуххои Осиё ахамияти калон доранд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.