Маълумоти охирин

Орифи Казвини

Орифи Казвини Мирзо Абулкосим (1882, Казвин — 1933, Хамадон), шоири эрони. Аз оилаи мулло. Хамчун шоир ва хофиз дар солхои Револютсияи Эрон (1905—11) шухрат ёфт. Орифи Казвини дар ин солхо дар кучаву майдони шахрхо консерт барпо кар­да, ашъорашро худаш ба оханг да­роварда мехонд.

Махсусан таснифхои танкидие, ки бо оханги суруду таронахои халки аз тарафи худаш суруда мешуданд, хеле шухрат дош­танд. Газалиёти давраи машрутахохии Орифи Казвини низ дорои мазмунхои баланди ичтимои ва ватандустианд («Зинда бод», «Нолаи мург», «Паёми озоди», «Либоси март» ва гайра). Баъди шикаст хурдани инкилоби солхои 1915—20 Орифи Казвини ба Туркия ва Ирок мухочират кард.

Дар эчодиёти индавраинаи шоир охангхои рухафтодаги ва нафрат ба мухити мавдуда баланд садо медиханд. Орифи Казвини дар манзумаи «Харнома» нисбат ба сохту мухити мавчуда нафрат баён кардааст (тамоми ахли кишварро, аз шох то гадо хар ва Эронро мамлакати харон номидааст). Дар тан­киду мазаммат мавкеи муайяни ичтимоиву ахлоки надоштани «Харнома»-ро Эрач Мирзо дар маснавии ”Орифнома”, ки чавоби манзумаи Орифи Казвини аст, сахт махкум кардааст.

Инкирози салтанати кочорияро Орифи Казнави бо хушнуди истикбол кард ва дар ибтидо Ризошохро (1925—41) чун барпокунандаи чумхурият табрику тахният гуфт. Вале баъди шох эълон гардидани у сахт ноумед шуд ва ба Берлин мухочират кард. Баъди бозгаштан (1927) худи Орифи Казнави ба Хамадон бадарга ва нашри осору консертхояш манъ карда шуданд. Орифи Казнави дар ташаккули равияи демократии назми муосири Эрон, дар кувват гирифтани чанбаву принсипхои халкият ва синфияти назми муосири форси сахми арзанда гузоштааст. Шеърхояш ба забони руси тарчума ва нашр шудаанд. Намунахои осо- раш дар матбуоти Точикистон низ ба табъ расидаанд.

Адабиёт: Брагинский И., Комис­саров Душанбе, Персидская литература, Москава, 1962; Г а е м п а н а х Г. Г., Ареф Казвини — гражданский поэт Ирана, Москва., 1971.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …