Маълумоти охирин
Главная / Илм / Организмхои гетеротрофи

Организмхои гетеротрофи

Организмхои гетеротрофи, гетеротрофхо, организмхоеанд, ки барои гизо пайвастхои тайёри органикиро истифода мебаранд. Ба Организмхои гетеротрофи тамоми хайвонот ва одам, инчунин баъзе растанихо (занбуругхо, аксари паразитхо ва гайра) ва микроорганизмхо мансубанд. Вале ба гетеротрофи ва автотрофи чудо кардани растанихо ва микроорганизмхо шартист, зеро хатто автотрофхои типи — растанихои сабзи фотосинтезкунанда як микдор моддахои органикиро аз хок ба воситаи реша мегиранд.

Баъзе растанихои сабз, агарчи кобилияти фотосинтез кардан доранд, ва­ле хашаротхуранд. Чунин растанихо нитрогенро асосан аз моддахои ор­ганики ва карбонро бо рохи фото­синтез мегиранд. Баъзе автотрофхо ба моддахои витаминмонанди мухит, ки барои синтези автотрофи заруранд, мухточ мебошанд. Соли 1921 олими рус А. Ф. Лебедев исбот кард, ки хатто Организмхои гетеротрофии типи (баъзе бактерияхо, занбуругхо ва гайра) кобиланд С0а– ро фуру баранд.

Ин гояро соли 1933 олимони америкои Г. Вуд ва Ч. Веркман бо усули изотопи исбот накунанд. Дар натичаи синтези геторотрофи то 10% карбони организм захира мешавад. Имконияти аз та- рафи хучайрахои пигменти сабз надошта аз худ кардани С02 барои фахмиши эволюсияи фотосинтез ва хемосинтез ахамияти калон дорад. Мукаррар карда шудааст, ки бофтахои организми хайвонхо низ С02-ро аз худ карда метавонанд. Дар асоси ин маълумотхо организмро на аз руи типи гизои карбони, балки аз руи характери манбаи энергияи хаётан зарурашон ба автотрофи ва гетеротрофи чудо мекунанд.

Аз ин ру, ба Организмхои гетеротрофи организмхоеро дохил меку­нанд, ки барояшон пайвастхои мураккаби органики (карбогидрату, сафедахо, равганхо) манбаи карбон аст;. фотоавтотрофхо организмхое ки реаксияи фотохимиявиро ба вучуд меоранд ва ба хемоавтотрофхо бошад, организмхое, ки барояшон реаксияи оксидшавии моддахои ор­ганики манбаи энергия аст, мансубанд. Хайвонот ва одам, ки моддахои органикиро барои баркарор намудани capфи энергия, аз нав ба вучуд овардани бофтахо ва танзими функсияи хаёти сарф менамоянд, Организмхои гетеротроии типикианд.

Чунин Организмхои гетеротрофиро аз руи талабот ба ин ё он моддахои органики ва имконияти синтез карда тавонистани чунин моддхо фарк мекунанд. Ба катори моддахое, ки барои орга­низм заруранд, вале Организмхои гетеротрофиро синтез карда наметавонанд, амино­кислотахои ивазнашаванда, вита­мину ва гайра дохил мешаванд. Организмхои гетеротрофи дар табиат роли калон мебозанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …