Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Органхои сиёси

Органхои сиёси

Органхои сиёси д а р К у в в а х о и Мусаллахи СССР, орган­хои рохбарикунандаи Партияи Коммнунистии Иттифоки Совети дар Куввахои Мусаллахи СССР. Вазифахои Органхои сиёси ичрои корхои сиёсй дар байни хизматчиёни харби, муттахид намудани онхо дар атрофи КПСС ва Хукумати Совети, тарбияи хайати шахси дар рухи садокати бепоён нисбат ба Ватани Совети, ба кори комму­низм; омода будан ба химояи Иттифоки Совети ва мамлакатхои иттиходи сотсиалисти, ба хифзи музаффариятхои револютсия ва кори сотси­ализм.

Корхои ташкили ва идеоло­гии Органхои сиёси ба мустахкам намудани тайёрии чангии кушунхо, такомули таълими чангии онхо, таъмини интизоми хуб ва устувории ахлокию шахси равона карда мешаванд. Ба корхои партиявию си­ёси ва фаъолияти Органхои сиёси Космитети Марказии КПСС тавассути Саруправленияи сиёсии Армияи Совети (ГЛАВПУ) ва ФХБ родбари мекунад. Органхои сиёси правленияхои сиёси ва шуъбахои сиёсиро Вазорати Мудофиаи СССР ва ГЛАВПУ дар навъхои Куввахои  Мусаллах, округхо, гурухи кушунхо, флотхо, соединенияхо ва донищгоххои харби вобаста ба сохти мукаррар намудаи Комитети Марказии КПСС таъсис мекунанд.

Кормандони Органхои сиёси интихоби нестанд, онхоро таъин мекунанд. Органхои сиёси байни оммаи хизматчиёни харби корхои асосиро мебаранд, хамрохи командирон мусобикаи сотсиалисти ташкил менамоянд, икдомоти ватандустонаро дастгири ва инкишоф дода, тачрибаи мусбати таълиму тарбияро чамъбаст мекунанд ва вусъат медиханд. Управленияхои сиёси дар назди управленияхои сиёсии навъхои Куввахои Мусаллах, ГЛАВПУ хисобот ва оид ба кори советхои харби маълумот медиханд; шуъбахои сиё­сии соединенияхо бошанд, дар назди Органхои сиёсии болои хисобот медиханд. Таърихи пайдоиши, Органхои сиёси бо ташкили Куввахои Мусаллахи Совети алокаманд аст. Аввали соли 1918 дар назди

Коллегияи умумироссияги оид ба ташкили Армияи Сурх шуъбаи ташкили-агитасиони таъсис карда шуд. Декабри 1918 Совети Харбии револютсионии (СХР) Республика оид ба Органхои сиёси низомнома баровард. Апрели 1919 ба чои Бюрои умумироссиягии комиссарони харби Шуъбаи Сиёсии СХР-и Республика ташкил гардид ва он 15 май ба Управленияи сиёсии СХР табдил ёфт.

Солхои Чанги Бузурги Ватани (1941—45) КПСС ба Органхои сиёсии армияи амалкунанда кормандони бехтарини худро фиристод. Дар солхои баъдичанги шабакаи Органхои сиёси дар Куввахои Мусаллах васеъ гардида, сохти онхо такмил ёфт. Соли 1967 дар Куввахои Мусаллах управленияхои сиёси, дар як катор навъхои кушун шуъбахои сиёси ташкил карда шуданд. Дар тамоми даврахои сохтмони харби Органхои сиёси сиёсати КПСС-ро собиткадамона ба хаёт татбик карданд ва минбаъд хам татбик хоханд кард.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.