Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Ордени тевтон

Ордени тевтон

Ордени тевтон, Ордени немис, Ордени салибдорон, ташкилоти немисии динии католи­ки ва рисарист, ки асрхои 13—15 дар Европаи Шарки тачовузи феодалиро ба амал мебаровард. Ордени тевтон охири асри 12 дар Фаластин дар давраи Юришхои салибдорон таъсис ёфта, соли 1198 аз тарафи папа Иннокенти III ба расмият дароварда шуд. Ордени тевтон  дар Германия ва Европаи Чануби сохиби мулкхои зиёд буд.

Соли 1230 ба забти сарзамини прусхо cap карда, охири асри 13 хокими пурраи он гардид. Дар худуди Пруссияи Шарки ва кисми Литва хокимияти худро пойдор гардонда, Поморияи Полша ва шахри Гданскро зери даст кард ва дар кишвархои истилокардааш давлати феодали ташкил намуд. Ордени тевтонро куввахои муттахидаи литвонихо, полякхо, русхо ва чеххо дар мухорибаи Грюнвалд (1410) торумор карданд. Ордени тевтон мувофики сулхномаи Торун (1466) худро вассали Полша шуморида, як кисми замини онро баргардонид. Пруссияи Шарки, ки дар ихтиёри Ордени тевтон  буд, соли 1525 ба герсогии Пруссия табдил дода шуд.

Ордени франсискхо, ташкилоти рохибони католики кашшок аст, ки солхои 1207—09 Франсиска Ассизони дар Италия ташкил кард.

Соли 1228 папаи Рим низомномаи орденро тасдик намуда, фаъолияти онро зери назорат гирифт. Бо таъсиси Ордени франсискхо ба ташкили орденхои кашшо- кон ибтидо гузошта шуд. Ахди ор­ден дар тули асрхо ёрдамчии фаъоли калисои католики б уд. Дар давраи Револютсияи Кабири Франсия, Ревлютсияи Ис­пания (1834—43) ва дигар револютсияхои буржуазии асри 19-й Европа Ордени франсискхо таъкиб шуданд.

Дар охири асри 19 аввал дар Испания, баъд дар Франсия орденхо баркарор карда шуданд. Холо Ордени франсискхо дар мамлакатхои Африка ва Осиё таргиботчии дини католикист. Ордени франсискхо бо шохахояш дар Италия, Испания, Франсия, Республикаи Федеративии Германия, Штатхои Муттахидаи Амрико, Канада, Туркия, Бразилия, Парагвай ва мамлакатхои дигар кариб 40 000 (1975) аъзо дорад.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.