Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Ордени шамшердорон

Ордени шамшердорон

Ордени шамшердорон, таш­килоти немисии динии католики ва рисарист. Расмаш «Бародарони лашкари Исо» ном дошт. Соли 1202 бо максади забт намудани Наздибалтикаи Шарки таъсис ёфт. Номи анъанавии Ордени шамшердорон аз шамшери сурхи салибдори дар либоси сафеди шамшердорон тасвирёфта бармеояд. Устави Ордени шамшердорон дар асоси устави тамплиерхо тартиб дода шудааст.

Бевосита ба епископи Рига итоат мекард. Ибтидои асри 13 ба мукобили халкхои Наздибалтика юришхои салиби ташкил карда, бисёр заминхои Наздибалтикаи Шаркиро тасарруф намуд. Соли 1207 папаи Рим сеяки ин заминхоро мутааллики мулки Ордени шамшердорон  донист. Ордени шамшердорон ба худуди князии Полоск cap дароварда, ба Новгород ва Псков тахдид кард.

Соли 1234 князи Новгород Ярос­лав Всеволодович дар наздикии Дерпт (Тартуи хозира) ба Ордени шамшердорон  зарбаи халокатовар зад. Соли 1236 куввахои муттахидаи литвонихо ва земгалхо дар наздикии Сауле (хозира Шяуляи Литва) Ордени шамшердоронро пурра торумор карданд. Бокимондаи Ордени шамшердорон соли 1237 бо Ордена тевтон муттахид шуда, дар Наздибалтикаи Шарки Ордени ливонро ташкил намуд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.