Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оппозитсия харби

Оппозитсия харби

«Оппозитсия харби», гурухи вакилони Съезди 8-уми РКП(б) (1919), ки дар сохтмони харби ба сиёсати КМ партия мукобил буд. КМ РКЛ(б) тезисхои маърузаро оид ба масъалаи харби тасдик кард. Дар маъруза принсипу методхои сохтмони Армияи Сурх асоснок кар­да шуда буд.

«Оппозитсия харби» таклиф мекард, ки доираи хукукхои ташкилотхои ибтидоии партияви дар армия васеътар карда, рохбарии тамоми фаъолияти чанги ба ихтиёри онхо дода шавад, органхои сиёси бархам дода, комитетхои партиявии армия таш­кил карда шаванд. КМ чунин мешуморид, ки ячейкахои коммунисти набояд ба масъалахои идоракунии армия мудохила кунанд; онхо мебоист ба комиссарон ёри мерасонданд ва вазифадор буданд сиёсати партияро собиткадамона ба хаёт татбик намоянд.

Вакилон таклифхои « Оппозитсияи нав»-ро рад карда, дар айни замон ба мукобили рохи пешгирифтаи Тротский, ки рохбарии партиявии армияро эътироф намекард ва ба мутахассисони кухнаи харби кур-курона бовар мекард (хол он ки дар байни онхо хоинони ошкоро хам буданд) эътироз баён намуданд. Вакилон ба он мукобил баромаданд, ки одамон ба армия бе тафрика (катъи назар аз он, ки ба кадом синф тааллук доранд), сафарбар карда мешаванд ва ин аксар вакт боиси аз чихати сиёси ноустувор шудани баъзе кисмхо мегардад.

Владимир Илич Ленин ба « Оппозитсияи нав» катъиян мукобил баромад. У кайд намуд, ки КМ партия тамоми масъалахои мухимтарини харбиро хал мекунад, аз руи ин масъалахо карорхои дахлдор кабул намуда, ба хаёт гузаронидани онхоро назорат мекунад. Ленин мегуфт, ки бе интизоми сахти харби (хусусан дар Россия барин мамлакати дехкони) Армияи Сурхи тавоно вучуд дошта наметавонад.

Владимир Илич Ленин истифода бурдани комёбихои санъати харбии буржуази, ба хизмат чалб кардани мутахассисони харбиро боисрор талаб намуда, дар айни хол таъкид мекард, ки назорати сиёси ба амалиёти онхо пурзур карда шавад. Съезд таклифхои баргалати « Оппозитсияи нав»-ро махкум намуда, сиёсати лениниро дар масъалаи харби пурра маъкул донист.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.