Маълумоти охирин

Оперетта

Оперетта, (италяви operetta — опе­раи хурд), асари мусикии сахнавист. Мусикии вокалию сози, инчунин раксу балет ва унсурхои санъати театриро дар бар гирифта, аз имкониятхои диалог нисбат ба опера васеътар истифода мебарад. Асоси драма­тургию мусикии Оперетта, тарона ва ракс аст. Дар Оперетта, мисли опера, аз мусикии вокали ва сози — ария, дуэт, ан­самбл ва хор истифода мебаранд.

Мусикии вокалию ракс барои инкишофи вокеа ва тасдики пояи Оперетта хизмат мекунад. Оперетта дар заминаи мазхакаи мусики, операи хачви, воде­вили франсави ва зингшпили немиси ба вучуд омадааст. Оперетта хамчун жанри мустакил солхои 50 асри 19 дар Франсия пайдо шуд. Солхои 60 дар Австрия, солхои 70 дар Англия ва солхои 80 дар Америка Оперетта ба вучуд омад. Дар Франсия охангсозон Ф. Эрве, Ж. Оффенбах ва Ш. Ленок, дар Англия А. Салливен, дар Австрия И. Штраус, Ф. Зулпе ва гайра ба инкишофи Оперетта сахми калон гузоштанд.

То Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр театри опе­реттаи рус репертуари милли надошт. Охангсозон И. О. Дунаевский ва Н. М. Стрелников солххои 20 ба Опереттаи совети асос гузоштанд. Баъдтар дар ин жанр бастакорон Б. А. Александров, Ю. С. Милютин, В. П. Соловёв-Седой, К. Я. Листов, Т. Н. Хренников ва гайра асархо эчод карданд.

Дар республикахои бародари бастакорон А. С. Айвазян (Республикаи Советии Сотсиалистии Арманистон), А. П. Рябов (Республикаи Советии Сотсиалистии Узбекистон), Р. С. Хочиев (Республикаи Советии Сотсиалистии Озарбойчон), Г. Г. Сабадае (Республикаи Советии Сотсиалистии Гурчистон), А. Я. Жилинский (Республикаи Советии Сотсиалистии Латвия), Л. Т. Нормет (Республикаи Советии Сотсиалистии  Эстония), Д. X. Файзй (Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон) ва дигар Опереттахои милли эчод карданд.

Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айни Опереттахои бастакорони рус ва дигар республикахои бародар, аз чумла «Силва» ва «Шохзодаи сирк»-и И. Калман, «Туй дар Мали- новка»-и Б. Александров, «Беваи хушхол»-и Ф. Легар, «Шамоли озод»-и И. Дунаевский ва гайра гузошта шудаанд.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …