Маълумоти охирин
Главная / Илм / Опалина

Опалина

Опалина (Opalina), як чинси хайвонхои соддатарин, паразитест аз синфи камчинакдорхо. Танааш баргшакл (дарозиаш то 1 миллиметр) буда, бо камчинакхо пушида шудааст. Эктоплазма ва андоплазма бо даххо, баъзан садхо ядро аз хам чудо гаштааст. Сурохии дахон надорад, бо тав­ри осмоси гизо мегирад.

Бо рохи гайричинси (ба ду таксимшави) ва чинси (копулясия) афзоиш меёбад. Даххо намуди Опалина маълум аст. Опалинахо одатан дар рудаи обхокихо ва баъзан мохихою хазандахо зиндаги мекунанд. Просесси чинсии Опалинахо бахорон дар рудаи кафлесак мегузарад.

Систаи Опалина аз рудаи хайвони гизодех (масалан, курбока) ба каъри обанбор афтода, ба сифати хурок ба рудаи кафлесаки навазтухмбаромада дохил мешавад. Дар рудаи кафлесак аз систа Опалинахои чавон ба вучуд меоянд, минбаъд онхо таксим шуда, гаметахои якхучайрагй хосил мекунанд. Гаметахо чуфт-чуфт омехта- шуда зигота хосил менамоянд, сипас аз зигота Опалинаи бисёрхучайраги пайдо мешавад.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …