Маълумоти охирин
Главная / Илм / Онтология

Онтология

Онтология (юнони ontos — вучуд ва логия), як фасли фалсафаро гуянд, ки аслу асоси кулли, принсипхо таркиб ва конунияти умумии хастиро тахкик мекунад. Мохиятан Онтология як навъ манзараи оламеро ифода мекунад, ки ба маърифати вокеият мувофик омада, дар системаи категорияхои фалсафие, ки ба ину он давр ва инчунин анъанаи фалсафи (материализм ё идеализм ва гайра) хос аст, дарч мегардад.

Ба ин маъни ха­ма гуна системаи фалсафи ва умуман системаи донишхои назари ба тасаввуроти муайяни Онтология такя меку­над, ки худ ба кадри инкишофи маърифат тагйир меёбад. Соли 1613 аввалин бор истилохи «Онтология»-ро Р. Гоклениус (Германия) дар истилохоти фалсафи хамчун муродифи мета­физика истифода бурдааст. Дар мактаби X. Волф Онтология хамчун номи кисми аввал ва асосии метафизика истифода мешуд, ки бо тахсису таъбири умуман хасти сару кор дошт.

Онтология то ибтидои асри 19 ба таври мурокибави инкишоф ёфта ба тасаввуроти мавхуме доир ба мохияти ашё такя мекард. Марксизм бар хилофи таълимоти дигари фалсафи зарурати ягонаги ва алокамандии ботинии Онтология, гносеология ва мантик, вобастагии тасаввуроти онтологи ва маърифатро асоснок кардааст. Дар асри 20 баробари баланд шудани дарачаи абстрактияти маърифати илми баъзе масъалахои принсипиалии онто­логи ба миён омад. Масалан, шарху таъвили онтологии мафхумхои мучарради илми хозира (физикаи заррахои элементари, космология), ба вучуд овардани тахкурсии назарияви барои тадкикоти методологи ва гайра.

Дар адабиёти марксистии муосир масъала дар боби Онтология мавриди бахс карор гирифтааст: агар баъзехо мустакилона вучуд доштани Онтологияро инкор кунанд, дигарон бошанд, баръакс, мегуянд, ки Онтология бояд дар зимни материализми диалектики хамчун cохаи махсус мавкеи худро нигох дорад.

Як катор равияхои фалсафии хозираи буржуази, аз кабили феноме­нология, экзистенсиализм ва персо­нализм паи онанд, ки масъалахои пешинаи Онтологияро аз нав тачдид намуда, онхоро аз чихати субъективию шахси тахкик кунанд.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …