Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Омузишгоххои касбхои техники

Омузишгоххои касбхои техники

Омузишгоххои касбхои техники, муассисахои хунаромузиест, ки аз тамомкунандагони синфхои 8-ум ва мактабхои миёна мутахассисони касбхои техники тай­ёр мекунанд. Соли 1958 таъсис ёфтаанд.

Тамомкунандагони синфи 8 дар Омузишгоххои касбхои техники маълумоти миёна мегиранд касбу хунар меомузанд ва баъд ба корхонахои саноати рафта кор ме­кунанд. Омузишгоххои касбхои техники шахри (ГПТУ) ва кишлоки (СПТУ) мешаванд. Омузишгоххои касбхои техникии шахри барои корхонахои саноати сохтмон, наклиёт, алока, хизмати маиши, Омузишгоххои касбхои техникии кишлок барои сохахои хочагии кишлок кадр (механизатор, чорвопарвар, говчуш, занбури асалпарвар, сабзавоткор ва гайра) тайёр мекунанд. Ба талабагоне, ки бо бахои аъло хондаанд ва интизоми хуб доштанд, баъди хатми Омузишгоххои касбхои техники дип­ломи аъло дода мешавад ва гирандаи ин диплом баробари онхое, ки мактаби миёнаи маълумоти умумиро бо медали тилло хатм намудаанд, имтиёз дорад.

Омузишгоххои касбхои техники ба тамомкунандагон дарачаи инхтисос (разряд, класс, катего­рия) медихад ва ин дарача барои кор дар тамоми корхона, муассиса ва ташкилотхои СССР хуччат аст.

Дар СССР, аз чумла дар Республикаи Советии Сотсиалистии Точикистон шумораи Омузишгоххои касбхои техники сол то сол меафзояд. Соли тахсили 1982—83 дар рес­публика 68 омузишгох, аз чумла 34 Омузишгоххои касбхои техникии шахри, 24 Омузишгоххои касбхои техникии кшплоки, 9 омузишгохи техники ва гайра вучуд дошта, дар онхо 30260 нафар хонанда тахсил мекард.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.