Маълумоти охирин
Главная / Маданият ва санъат / Оли Неъматхони Шерози

Оли Неъматхони Шерози

Оли Неъматхони Шерози (тахаллус; номаш Мирзомухаммади Нуруддин; таваллуд байни 1630—40, Дехли — вафот 1710), шоири форсизабони Хиндустон. Аз оилаи табиб Хаким Мухаммад Фатхуддин. Оли дар чавони бо падараш ба Шероз сафар карда, хамон чо маълумоти ибтидои гириф­та, ба камол мерасад ва дар замони хукмронии Шохичахон боз ба Хиндустон баргашта, ба хидмати дарбори у медарояд.

Пас аз вафоти Шохичахон» дар дарбори писари у Аврангзеб вазифаи навкариро адо менамуд. Дар ин муддат бо шоира Зебуннисо шинос шуда, дар васфи у маснавие менависад. Пас аз вафоти Аврангзеб аз тарафи писари у Баходуршох Оли ба мансаби хазинадор таъин гарди­да, ба тахрири «Шохнома» ва таълифи «Баходуршохнома» пардохт.

Вале «Баходуршохнома» ба итмом нарасида, шоир вафот кард. Оли бо бисёр шоирони номии давраш аз чумла Бедил, Соиби Табрези ва дигар шиносои дошт. Аз Оли асархои зерин боки мондаанд, ки дар китобхонахои чахон махфузанд: «Хони Неъмат», «Вакоеи Хайдаробод», «Чангнома», «Рукаот ва музхикот», «Шахрошуб», «Панднома», «Мансуроти Оли», «Рохат-ул-кулуб», «Хусну ишк», «Хачви хукамо», «Хачви атиббо», «Баходуршохнома» ва як девони газалиёт, ки зиёда аз 5 хазор байтро дарбар гирифтааст.

Адабиёт: А к р а м о в С., Неъматхони Оли ва девони ашъори у, Душанбе, 1981.

Инчунин кобед

sari

САРИ

САРИ, либоси миллии занони хинду. Сариро асосан аз матои 4,5—9 метр дарози, 1 метр пахнои …