Маълумоти охирин

Октава

Октава (аз лотини octava — хаштум), дар мусики, 1) фосилаест, ки хашт зинаи каторовози диатоники ё шаш пардаи яклухтро дарбар мегирад: 1 октава = 1200 сент  301 савар. 2) Зинаи хаштуми каторовози диатоники. 3) Як кисми каторовози мусики, ки ба он зинахои асосии мусики (до, ре, ми, фа, соль, ля, си) ё дувоздах гаммаи хроматикии нимпардаги дохил мешаванд.

Тамоми каторовозхои дар мусики маъмул аз хафт октаваи пурра ва ду октаваи нопурра иборат мебошанд. Онхо аз поён ба боло ин тавр чой гирифтаанд: субконтроктава (факат се овози болои — ля, си моль, си), конт­роктава, Октаваи калон, Октаваи хурд, Октаваи якум, Октаваи дуюм, Октаваи сеюм, Октаваи чорум, Октаваи панчум (як овози поёнии до).

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.