Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Октябристхо

Октябристхо

Октябристхо, «Иттифо ки 17 о к т я б р », партияи контрреволю- тсионии помещикони калон ва бур­жуазияи тичоратию саноати дар Россия, каноти роста либерализми Россия. Партиям Октябристхо баъди нашри Манифест 17 октябри 1905 (номаш аз хамин чост), аввалхои ноябри 1905 аввал дар Москва, баъд дар Петер­бург ба вудуд омада, манфиати бур­жуазияи калон ва помешиконро химоя мекард.

Октябристхо тарафдори «хокимияти мутлаки тавоно» буда, тамоми амалиёти мутлакиятро, ки ба пахш кардани револютсия нигаронида шуда буд, конуни мехисобиданд. Октябристхо дар прог­раммам худ (феврали 1906) ба тарафдорни ягонаги ва таксимнопазирии Империяи Россия баромада, бо ха мин сиёсати бузургдавлатию шовинистии хукумати подшохи, мутлакияти конститутсиони (бо намояндагии дупалатаги) ва озодохои сиёсиро (дар доираи Манифести 17 ок­тябр) дастгири мекарданд.

Октябристхо таклиф мекарданд, ки масъалаи аграри асосан бо рохи баробар кардани хукукхои гражданиву моликиятдории дехконон ва табакахои дигари чамъияти, «батартибории» ичораи замин, муходиркунии дехконон, аз хисоби за­минхои давлати ва китъави таъмин намудани дехконон ва гайра хал карда шавад. Фраксияи Октябристхо дар Думаи 1- уми давлати 16 депутат, Думаи 2- юм 54 депутат, Думаи 3-юм 154 де­путат доштанд.

Октябристхо дар фаъолияти думагии худ бо сиёхгурухчиён ва кадетхо иттифок баста, дар гузаронидани сиёсати реаксиони ба хукумат ёри расониданд. Баъди огози Чанги якуми чахони (1914—48) Октябристхо ба тарафдории хукумати подшохи баромада, пас аз Револютсияи феврали 1917 ба хайати Хукумати муваккатии буржуази дохил гардиданд. Баъди галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр Октябристхо дар ташкилоту хукуматхои гвардиячинии сафед мансабхои намоёнро ишгол карда, бар зидди Республикаи Совети мубориза бурданд.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.