Маълумоти охирин
Главная / Илм / Оксиген

Оксиген

Оксиген (лотини Oxygenium), Оксиген элементи химиявии гурухи VI систе­маи даврии Менделеев, раками ат. 8, массам ат. 15,9994. Оксигенро К. Шеелс (1771) дар натичаи тафсонидани селитрахо (KNO3, N’aNQs), дуоксиди манган (Мп02) ва Ч. Пристли (1774) дар натичаи тафсонидани сурик (РЪэО<) ва оксиди симоб (HgO) новобаста ба якдигар хосил намудаанд. Оксигени тибии аз 3 изотопи собит 160 (99,759%), ,70 (0,037%) ва ,80 (0,204%) иборат аст.

Оксиген дар шароити мукаррари гази беранг, бебуй ва бемазза буда, дар —182,9° Селсия ба моеи кабуди сафедтоб табдил меёбад; дар — 218,7° Селсия бошад, кристаллхои кабуд хосил менамояд. Молекулам Оксиген дар шароити муътадил ду атоми (02) буда, дар разрядхои электри сеатома (О») ва дар фишори баланд чоратома (04) мешавад. Оксиген дар пайвастхояш дувалента аст. Оксиген нометалли фаъол буда (баъди фтор), дар шароитхои гуногун ба гайр аз газхои инерти, тилло, платина ва галогенхо, бо хамаи дигар элементхо бевосита пайваст мешавад.

Кариб хамаи реаксияхои Оксиген бо дигар элементхо реаксиияи оксидша- вии экзотермист. Оксиген бо гидроген, сулфур, карбон, нитроген, фосфор дар харорати мукаррари хеле суст, аммо дар харорати баланд тез (бо гидроген дар харорати аз 550° Селсия зиёд бо таркиш) пайваст мешавад. Реаксиияи Оксиген бо нитроген эндотерми буда, танхо дар харорати аз 1200° зиёд ё дар разряди электри ба амал меояд.

Оксиген кариб хамаи металлхоро (хусусан металлхои ишкори ва ишкорзаминро) фаъол оксид менамояд. Суръати реаксиияи байни металлхою Оксиген бо омилхои гуногун (холати сатхи ме­талл, дарачаи хурдии он, мавчуд будани омехтахо ва гайра) вобаста аст. Дар просесси таъсири мутакобили моддахо ва Оксигени об роли мухим мебозад.

Масалан, хатто калий дар холати набудани об бо Оксиген ба реаксия намеравад, вале бо иштироки бугхои об (дар шароити муътадил) бо он бо таркиш пайваст мешавад. Оксиди баъзе металлхо бо Оксиген пайваст шуда пероксид (Na202, В&02, КОз БЬОз ва гайра) хосил мекунанд. Реаксияи мутакобили карбогидридхою Оксиген асоси просессхои мухими саноати ба шу- мор меравад.

Бештарин пайвастхои органики (карбогидридхои носер, алдегиду фенолхо, инчунин скипи­дар ва гайра) бо Оксиген ба осони пайваст мешаванд. Оксидшавии моддахои гизоии хучайрахо бо Оксиген манбаи энергияи организмхои зинда аст. Оксиген яке аз элементхои дар табиат пахншудатарин мебошад.

Пайвастхои Оксиген ка­риб 85,82% массаи гидросфера, ка­риб нисфи (47%)-и массаи литосфераро ташкил дода, танхо дар атмос­фера, ки ончо Оксиген дар холати озод аст, баъди нитроген чои дуюмро (23,15% аз руи масса) ишгол менамояд. Оксиген 1364 хел минерал хосил мекунад, ки аз онхо силикатхо (шпати дашти, абрак ва гайра), кварс, оксидхои охан, карбонатхо ва сулфатхо бештар пахн гаштаанд. Дар организмхои зинда ба хисоби миёна кариб 70%‘ Оксиген мавчуд аст. Оксиген асосан ба таркиби сафедахо,  равганхо, ангиштобхо ва пайвастхои ноорганикии скелет дохил мешавад.

Оксигени озод дар просессхои биохимиявию физиологии организм, хусусан нафаскаши ахамияти калон дорад. Хамаи организмхои зинда (ба гайр аз баъзе микроорганизмхои анаэроби) энергияи барои хаёт заруриро аз хисоби бо Оксиген оксидшавии биоло­гии моддахои гуногун мегиранд.

Оксигенро дар саноат бо 3 усул хосилл мекунанд: химияви, электролиз (электро­лизи об) ва физики (аз_хаво). Оксигенини газиро дар баллонхои пулодин тахти фишори баланд (15—42 Мн/м2), Оксигени моеъро дар зарфхои Дюар ё систернахои махсус нигох медоранд ва мекашонанд. Оксигени техникиро дар коркарди металлхо, кафшеру бурида­ни онхо ва гайра, Оксигени технологиро дар саноати химия хангоми хосил кар­дани сузишвории реактивии моеъ, равганхои молидани, кислотахои нитрат ва сулфат, метанол, аммиак ва нурихои аммоний, пероксиди ме­таллхо ва дигар махсулотхои химияви, Оксигени моеъро барои тарконидан, барои мухаррикхои реактиви ва корхои лаборатори, дар тиб, парвозхои кайхони ва гайра истифода мебаранд. Оксиген хусусан дар интенсивонии просессхои металлурги ва пирометаллурги барои хосил кардани металлхои сиёху ранга фаровон истифода мешавад.

Адабиёт: Чугаев Л. А., Открытие кис­лорода и теория горения в связи с фи­лософскими учениями древнего мира,

Избранные труды, том 3, Москва, 1962; Кислород,

Справка, частъ 1—2, Москва, 1967; Разумовс­кий С. Д., Кислород — элементарные формы и свойства, Москва, 1979.

Инчунин кобед

САРМАШК

САРМАШК (с а р х а т, хусни хат, муфрадот, мачмуи харфхои алохида, таркибхои харфии …