Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Оксарой

Оксарой

Оксарой, ёдгории меъмори дар Шахрисабз (асри 14). Дар кисми шимоли шаркии шахр, дар майдони калон вокеъ буда, аз он пештоки бо- хашамат ва як кисми сарой боки мондааст. Токи ин пешток, ки 200 сол пеш вайрон шудааст, 22,5 метр бар ва 40 метр баланди дошт. Баландин ху­ди пешток ба 50 метр мерасид. Оксарой дар намуди хозирааш хам бошукуху зебост (холо баландиаш 38 метр). Гунбаз, деворхои пахлуии бино ва манорахои бурч бо накшхои сипаршакл кошикори шудааст. Чилои рангхо, кошикори, катибахои куфию сулс, мусавварахо дар мавзуъхои таърихй ва дини, накшхои хандаси, мунаббаткори ва гайра биноро чозибу зебо кардаанд.

Дар партави мох иморaт сафед метобад ва ба ин сабаб он Оксарой ном гирифтааст. Сафири Испа­ния Рюи Гонзалес де Клавихо, ки Оксаройро соли 1403 дидааст (сохтмони имо- рат хануз давом дошт), дар ёддоштхояш шахомату чозибаи хайратангези Оксаройро махсус кайд намудааст. Сохтмон 20 сол давом кардааст. Оксарой бино ба маълумоти сарчашмахо, чун икоматгох ва бинои маъмури истифода мешудааст. Дар пешгохи хавли толори калон — девонхона, дар пахлуяш машварат, хонахои хурд- хурди хавлии дарун, харамсаро ва хонахои хоссаи амир чойгир будаанд. Дар болои боми Оксарой хавзе буда, об бо кубурхо ба хавз ва аз новахо поён мерехтааст. Оксаройро дар айёми мо таъмир намудаанд ва он холо дар мухофизати давлат аст.

Адабиёт: В е й м а р и Б. В., Искусство Средней Азии, Москва, 1240: Пугменко- о а Г. А., Р е м п е л ь Л. И., Выдающие­ся памятники архитектуры Узбекистана, Ташкент, 1956.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.