Главная / Гуногун / Оксарой дар Самарканд

Оксарой дар Самарканд

Оксарой, ёдгории мёъмори дар Самарканд (асри 15). Дахмаи сулолаи Темуриён. Баъди он ки дар Ишратхона ва макбараи Гури Мир барои дафни амирзодахо дигар чой на­монд, Абусаид (1449—69) ва Султон Ахмад Мирзо (1469—94) Оксаройро сохтанд. Макбара аз хишти пухта сохта шуда, бо гач пардоз ёфтааст. Оксарой аз як толори калон ва хоначахои хурд-хурди токпуш иборат аст. Дар таги толори калон дахмае вучуд до­рад. Дар сохтмони Оксарой усулу бозёфтхои меъмории асри 15 истифода шудаанд.

Гунбази толори асоси ба чор равоки калон, равокчахои байни онхо ва токхои бо шарафаю лавхахои гачкори зинат ёфта такя мекунад. Дохили бино бо усули кундал ороиш ёфтааст: бешгар рангхои сафед, кабуд ва зархали истифода шуда, шакли накшхо нафису мутаносибанд ва кариб такрор нашудаанд. Масалан, дар яке аз равокхо 67 хел накши гул истифода шудааст, ки яке ба дигаре монанд нест. Ороиши кисми берунии иморат анчом наёфтааст: устухонаи хашттарки он нотамом мондааст. Оксарой яке аз намунахои нодири осори меъмории асри 15 ба шумор меравад.

         

Дар борамон

Инчунин кобед

payvand

МУГЧАПАЙВАНД

МУГЧАПАЙВАНД, як навъи пайванд; ба нихоли хасак мугчаи навъи бехтарини дарахти меваро пайванд мекунанд. Нигаред …