Маълумоти охирин
Главная / Гуногун / Округи харбии Осиёи Миёна

Округи харбии Осиёи Миёна

Округи харбии ордени Байраки Сурхдори Осиёи Миёна, кисмхои харби, соединенияхо ва муассисахои харби, ки дар территорияи РСС Точикистон, РСС Казокистон, РСС Киргизстон вокеъ аст. Бо округи харбии Туркистон алокаи узви дорад. Бо фармони Совети харбии револютсионии республика аз 4 июни 1926 Фронта Туркистон ба Округ табдил дода шуд ва территорияи РСС Узбекистон, РСС Туркманистон РАСС Казокистон (аз соли 1936 республикаи иттифоки), РАСС Точикистон(аз соли 1929 республикаи иттифоки) вилояти автономии Карокалпокистоп (аз соли 1932 республикаи ав­тономи) ба хамин округ итоат мекард.

Округ дар солхои Чанги Бузурги Вата­ни (1941—45) барои тайёр кардани кушуни эхтиёти ба армияи амалкунанда ва таъмини бехатари дар сархадхои чануби тадбироти мухим ба чо овард. Соли 1945 Округ ба Округи харбии Дашт ва Округи харбии Туркистон таксим шуд. Округи харбии Дашт территорияи РСС Казокистон (гайр аз вилоятхои Казокистон Гарби, Гурев ва Ак­тюбинск)-pо, Округи харбии Тур­кистон территорияи РСС Точикистон РСС Узбекистон, РСС Туркманистон, РСС Киргизистонро дар бар гирифт. 13 феврал 1946 бо фармони Ко­миссариати мудофиаи халкии СССР Округи харбии Дашт бархам дода шуд ва кушунхои он аз чихати ташкили ба таркиби Округи харбии Тур­кистон даромаданд.

Июни 1969 дар кисми территорияи Окру­ги харбии Туркистон боз Округ ташкил ёфт. Ба Округ дар катори соединенияхои дигар дивизияи гвардиягии мототирандозии ба номи Кахрамони Иттифоки Совети И. В. Панфилов дохил аст. Барои тайёр намудани чанговарон яке аз полкхои ин диви­зия бо ордени Байраки Сурхи чанги такдир карда шуд. Барои сахми худ дар мудофиаи Ватан ва тайёрии сиёии чанговарон Округ соли 1975 Ордени Байраки Сурхи чанги гирифт. Фармондехи кушунхои Округ генерали ар­мия Н. Г. Ляшко (1969—78) буд, аз соли 1978 генерал-полковник П. Г. Лушев.

Инчунин кобед

САГИР

САГИР, нигаред, Сугур.