Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Округи автономи

Округи автономи

Округи автономи, д а р С С С Р яке аз шаклхои амалигардонии ав- тономияи маъмури мебошад. То кабули Коснститутсияи СССР (1977) Округи автономиро округи милли меномиданд. Округи автономи дар худуди хайати ахолиаш якхела ташкил ёфта, бо хусусиятхои таркиби милли ва тарзи зиндагонии ахоли фарк мекунад ва ба хайати кишвар ё вилоят дохил мешавад.

26 апрели 1926 нахустин Округи миллии Черкас ташкил гардид, ки он 30 апрел 1928 ба Вилояти Автономии Черкас табдил ёфт. Солхои 1931—32 дар асоси карори КИМ Умумироссияги (аз 10 декабри 1930) 18 райони милли ва 9 округи милли ташкил карда шуд. Дар СССР 10 Округи автономи  (хама дар РСФСР) мавчуд аст: Таймир (Долгано-Ненеск) ва Эвенк — дар кишвари  Красно­ярск, Ненес — дар вилояти Архангелск, Хартию Манси ва Ямалу Ненес — дар вилояти Тюмен, Бурятхои Уст-Ордин — дар вилояти Иркутск, Коряк — дар вилояти Камчатка, Чукот — дар вилояти  Ма­гадан, Агину Бурят — дар вилояти Чи­та.

Округи автономи   хамчун яке аз шаклхои давлатдории милли барои ба сохтмони сотсиалисти чалб намудани халкхои камшумор ва дар гузашта аз чихати хочагию мадани кафомонда ва пешравии онхо ба суи коммунизм ахамияти калон дорад. Конунро дар бораи Округи автономи  Совета Олии республикахои иттифоки кабул менамояд.

Мехнаткашоги Округи автономи  органи хокимияти давлати худ, яъне Совети депутатхои халкиро ба муддати 2,5 сол интихоб мекунад, ки вай дар навба- ти худ комичроияро интихоб менамояд. Органхои Округи автономи  дар территорияи округ хукуку вазифахои ба зиммаашон гузошташударо ба амал мебарорад. Аз хар як Округи автономи  ба Совета Миллатхои Совети Олии СССР 1 депутат интихоб карда мешавад.

Адабиёт: Лепешкин А. Й. Советы — власть трудящихся, Москва 1966.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …