Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Округи Автономии Ненесхо

Округи Автономии Ненесхо

Округи Автономии Ненесхо, дар хайати вилояти Архангелски РСФСР. 15 июли 1929 ташкил шудааст. Дар интихои Шимоли Шарк хамвории Европаи Шарки вокеъ аст. Онро бахрхои Сафед, Баренс, Печора, Кара ихота кардаанд. Масохати 176,7  хазор километр2. Ахолиаш 47 хазор нафар (1979). Асосан Ненесхо, русхо, инчунин комихо, украинхо ва дигар халкхо зиндаги мекунанд. Зичии миёнаи ахоли дар 1 километр2 0,2 кас. 1 шахр, 1 посёлкаи типи шахр дорад. Марказаш шахри Нарян-Мар. Бо ордени Дустии Халкхо мукофотонида шудааст (1972).

            Табиат. Сатхаш хамвор. Каторкуххои кадимию вайроншудаи Канин Ка­мен, шохахои шимоли каторкухи Тиман, Пай-Хой (баландиаш 300—400 метр) мавчуданд. Кисми гарбии тундрахои Канин ва Малоземел хамвору ботлокзор аст. Иклимаш кахратун, харорат, миёнаи январ аз —12 то —22° Селсия,. июл аз 6 то 13° Селсия. Боришоти солона 280—420 милиметр. Дар бисёр чойхо яхбандии бисёрсола дида мешавад.

Давраи нашви растани 72—110 шаборуз. Дарёча ва кулхои хурди зиёде дорад. Дарёи Печора аз территорияи Округи автономии ненесхо мегузарад, ки поёнобаш киштигард аст. Хокаш асосан тундраги-глеи буда, дар Чанубу Гарб китъахои хоки клеи-хокистари вомехуранд. Бештар аз 3/4 кисми масохаташ тундра аст.

Бештар алафу ушназорхо  дар сохили дарёхо бедзори зич, дар Чануб ва Чануби Гарби округ беша, дар дарёбоди Печора ва сохили бахрхо маргзорхо мавчуданд. Кисми зиёди территорияи  Округи автономии ненесхо  дар фаслхои гуногун  хамчун чарогох истифода мешавад.  Олами хайвоноташ бой. Хайвоноти шикори: рубох, рубохи шимоли, аз паррандахо кабки сафед, гоз, мургоби ва гайра. Дар дарё ва бахрхо мохи бисёр аст.

Маълумоти таърихи. Солномаи Нестор яке аз аввалин сарчашмахоест, ки дар бораи ненесхо маълумот медихад  (охири  асри 11 ). Территорияе, ки ненесхо зиндаги мекарданд, аз охири асри 16 — то ибтидои асри 17 дар итоати давлати Москва буд. Ахолии махалли бодиянишин буда, бо гавазнпарвари, мохидорию шикор шугл дошт.

Чабру зулми амалдороии подшохи, мачбуран чори кардани дини насрони ненесхоро борхо ба шуриш хезонда буд  (шуришхои халкии 1719, 1731, 1749; калонтарин шуриш тахти рохбарии ненес Вавле Неняги дар солхои 1825—40). Пас аз галабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии  Октябр ненесхо аз вартаи халокат озод шуданд, дар хаёти иктисоди ва маданни онхо тагйироти кулли ба вучуд омад.

Мехнаткашони ненес дар замони чанги граждании солхои 1918—20 Шимоли Советиро аз гвардиячиёни сафед ва интервентхо мудофиа карданд. Дар территорияи Округи автономии ненесхо  тобистони 1921 Хокимияти Совети пурра баркарор шуд. Бо карори Президиуми КИМ-и Умумироссия июли 1929 Округи миллии ненесхо ташкил карда шуд (аз соли 1977 Округи автономии ненесхо.)   Халки рус ва дигар халкхои СССР таракки додани хочагии халк ва тайёр намудани кадрхои милли ба ненесхо ёрии калон расонданд. Аввалин ячейкаи ВКП(б) соли 1930 ташкил шуд. Намояндагони халки ненес дар Чанги Бузурги Ватани бар зидди фашистони истилогар иштирок карданд.

            Хочаги. Сохахои  асосии хочагии халк гавазнпарвари, мохигири, шикор ва сайди хайвоноти бахри. Округи автономии ненесхо яке аз нохияхои асосии гавазнпарварии СССР мебошад. Дар поёноби  Печора ва районхои наздибахрии – Гарби Округи автономии ненесхо  8 колхози мохигири ташкил карда шудааст.

Бо киштихои пуриктидори худ ин хочагихо хатто аз укёнуси Атлантик мохи мегиранд. Округи автономии ненесхо  такрибан 1/4 кисми муинаи вилояти Архангелскро тайёр менамояд (асосан рубохи шимоли). Дар 4 фермаи хайвоноти муинадор рубохи кабудчатоби шимоли, рубохи нукрафоми сиёхчашм, самури оби ме­парваранд.

Чорводори хам вусъат меёбад. Соли 1978 8,1 хазор гов, 0,5 хазор хук, 2,0 хазор бузу гусфанд, 178 хазор гавазни шимоли дошт. Зироаткори таракки кардааст. Бештар картошка мекоранд. Саноати хуроквори виз вусъат ёфтааст (комбинатхои мохи, гушт ва заводхои равган). Заводи чу­бу тахта кор мекунад. Конхои газ ва нефт мавдуданд. Бандархо: Нар­ян-Мар. Амдерм. Нарян-Мар бо як катор шахрхои СССР ва районхои худи Округи автономии ненесхо  бо рохи хавои алока дорад.

                Сохтмони мадани. Дар солхои Хокимияти Совети ненесхо алифбои худро тартиб доданд. Соли хониши 1978—79 дар мактабхои маълумоти умуми, 8,5 хазор талаба, дар мактабхои миёнаи махсус 0,6 хазор талаба мехонд. Дар Округи автономии ненесхо  37 китобхонаи оммави, музеи кишваршиноси, хонаи эчодиёти халк, мактаби мусики, театри намоишдихи, хонаи пионерон кор мекарданд.

Дар Нарян-Мар стансияи тачрибавии Институти тадкикоти илмии хочагии кишлоки Шимоли Аксо мавчуд аст. Соли 1979 дар Округ 102 духтур, 502 коркунони миёнаи тибби ва дар беморхонахо 540 кат буд. Барномахои радио ба забони руси, ненеси шунавонида мешаванд. Ахоли ба воситаи стансияи «Ор­бита» барномахои телевизиони марказиро тамошо мекунад. Газетаи округии «Нарянат-вындер» («Туяд­рачии сурх», аз соли 1929 ба забони ру­си) нашр мешавад.

            Адабиёт. Ненесхо то Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр хат надоштанд. Шаклхои гуногуни адабиёти дахонаки вучуд дошт. Рассом ва гуянда Тыко Вылка (И. К Вылка 1883—1960) шухрати калон дошт. Афсона ва достонхои у солхои 1936 ва 1965 нашр шуданд. Анъанаи уро забоншиносу фолклоршиноси ненец А. П. Пырерко (1905—41) давом дод. У мачмуаи «Афсонахои ненеси» (1935), «Афсонахои ту» (1936), «Писари кампир» (1939) ва повести «Писари хурдии Вэдо»-ро (1940, 1960) нашр кард.

Дар пешрафти адабиёти хаттии ненесхо олимони рус Г. Н. Прокофев, Г. Д. Вербов, А. А. Савелев хизмати калон карданд. Дар солхои пас аз чанг шоирон А. И. Пичков (таваллуд 1934), мачмуаи «Пайрахаи гавазнхо», (1969), В. Н. Ледков (таваллуд 1933), мачмуаи «Яхистон» (1972) ва гайра чоп карданд. Бисёр асархои нависандагони халкхои СССР ба забони ненеси ва асархои адибони ненес ба забони руси тарчума шудаанд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …