Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Округи Автономии Чукот

Округи Автономии Чукот

Округи Автономии Чукот, дар хайати вилояти Магадани РСФСР. Дар Шимоли Шарки СССР вокеъ аст. 10 декабри 1930 ташкил шудааст. Округи автономии Чукот нимчазираи Чукотро, ки ба он кисми материк ва чазирахои Врангел, Айон, Аракамчечен, Ратманов ва гайра дохил мешаванд, дарбар мегирад. Онро бахрхои Сибири Шарки, Чукот ва Бе­ринг ихота кардаанд. Масохаташ 737 хазор километр2. Ахолиаш 139 хазор нафар (1979). Округ 8 райони маъмури, 2 шахр ва 18 посёлкаи типи шахр дорад. Марказаш шахри Анадыр.

            Табиат. Сохилхои бахрхои Сибири Шарки ва Чукот начандон качу ки- лебанд. Халичи Чаун халичи калонта­рини округ аст. Бахри Беринг фиордхои кулай ва чукур (халичакхои Провидение, Глубокая ва гайра), инчунин халичхои калон (Лаврентий, Мечигмен, Анадыр ва гайра) дорад. Пахнкух ва куххои зиёд мавчуданд.

Дар кисми марказии округ пастии ботлокзори Анадир вокеъ аст. Дар кисми шимоли он каторкухи Пекулней (нуктаи баландтаринаш 1381 метр), кухи Чукот (нуктаи баландтаринаш 1843 метр) ва дар Шимоли Гарб пастии Анадир пахнкухи Анадир чойгир аст. Дар гарби он каторкухи Анюй пайваст шу­дааст (нуктаи баландтаринаш 1735 метр). Дар кисми чанубу-гарбии округ до­манахои пахнкухи Юкагир чой доранд (баландиаш 500—700 метр). Дар Шимол кад-кади сохили бахр пастихои Чаун ва Ванкарем хастанд. Сарватхои зеризаминиаш: калъаги, симоб, ангиштсанг, ангишти бур, газ ва гайра мебошанд.

Иклимаш кахратун, дар сохилхо хунук ва дар нохияхои дохили континентии шадид. Зимис- тонаш 8—9 мох давом мекунад. Харорати миёнаи январ 38—55° Селсия. Шамол хои сахт мевазанд. Тобистонаш кутоху салкин ва серборон аст. Харорати миёнаи июл дар Шимол 5—8° Селсия, дар пастии Анадырь 13—14° Селсия. Боришоти солона 200—500 милиметр. Давраи наш­ви наботот 75—101 руз. Хама чоро яхбандии бисёрсола фаро гирифтааст. Дарёхо ба хавзаи укёнусхои яхбастаи Шимоли ва Ором мансубанд.

Дарёхои калон: Анадир (шохобхояш Белая, Mайн, Танюрер), Коли­ма. Кулхои калон: Красное, Элги- гитхин, Пекулней. Хоки Округи автономии Чукот асосан кухию тундрави мебошад. Дар пастихо глеи, глеию ботлоки, торфию глей, хоки сохили дарёхо ва чангалхои сирак хокистарию глеист. Водии дарёхое, ки хоки аллювиали ва торфию хокистари доранд, барои кишт истифода меша­вад.

Олами набототаш асосан тундравист. Гулсангу ушназорхо чарогоххои гавазхо мебошанд. Дар хавзаи дарёи Анадир сафедор, тус ва настара­ну каракот, тамашк ва гайра меруяд. Олами хайвонот:  рубохи шимоли, рубох, гург, санчоб, сагоби, заргуш, хирси бур ва сафед, гавазни шимо­ли, калламуши мушкин ва гайра. Аз паррандахо кабки сафеду тундрави, мургоби, гоз, ку, гага ва гайра вомехуранд. Бахрхо аз мохи (кета, горбу­ша, лучмохи) ва хайвонхои бахри (морж, нерпа, кити ашхаби) боянд.

Ахоли. Ахолии Округи автономии Чукот асосан аз чукчихо, эскимосхо, эвенкхо, юкагирхо ва русхо, украинхо, белорусхо, тоторхо ва дигар иборат аст. Зи- чии ахоли дар 1 километр2 0,2 нафар. Ахоли бештар дар сохили бахрхо ва водии дарёхо зиндаги мекунад.

Маълумоти таърихи. Одамон дар территорияи хозираи Округи автономии Чукот хануз дар дав­раи палеолит зиндаги мекарданд. Ачдоди эскимосхо, ки бо шикору мохидори машгул буданд, гарпун ва заврак ихтироъ карда, кит, морж ва нерпаро шикор мекарданд. Дар охири асри 1 милод ачдоди чукчихою корякхо гавазнро ром карда, бо парвариши он машгул шуданд. Дар асри 17 Чукот ба хайати давлати Рус хамрох кар­да шуд.

Дар Анадир махаллахои русхо пайдо шуданд. Аз миёнаи асри 19 ва баъдтар саноатчиёну савдогарони америкои ахолии тахчоиро го­рат мекарданд. Чукчихо ва дигар халкхои округ дар ибтидои асри 20 сохти авлодиро аз cap мегузаронданд. Хочагии онхо хусусияти патриархали дошт. Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ахолии территорияи хозираи Округи автономии Чукот Округи автономии Чукотро аз зулми милли ва истисмор озод намуд. Дар посёлкаи Анадир 16 ноябри 1919 Комитети революсионии Чукот ташкил шуд. Ширкати америкои «Свенсон» аз хукуки мохигири махрум шуд.

Барои бехтар намудани савдо чорахо андешида шуданд. Аммо бокимондаи аскарони Колчак 31 январ 1920 табаддулоти зидди револютсиони гузаронда, аъзоёни Комитети револютсиониро катл намуданд. Гвар­дияи Сурх колчакчиёнро торумор ва Хокимияти Советиро баркарор карда Комичроияи уезди Анадир интихоб гардид, ки 6 январ 1921 ба Комитети халкии револютсиони табдил дода шуд.

Тудаи гвардиячиёни сафеди Бирич-Бочкарёв октябр 1921 аз Влади­восток ба сохилхои Охотск ва Кам­чатка дохил шуданд. Отрядхои Ар­мияи Сурх бо рохбарии Г. И. Чуба­ров апрели 1923 куввахои асосии гвардиячиёни сафедро торумор карданд. 2—5 август Съезди I намояндагони Ко­митети револютсионии дехот ва во­лости Анадир таъсис ёфт. Соли 1923 дар Уэлен Совети районии Чукот ташкил гардид ва дар cap то сари нимчазираи Чукот Хокимияти Совети барпо карда шуд. Дар солхои панчсолахои пеш аз чанг коллективонии хочагии кишлок ва сайду шикор огоз ёфт.

Гавазнпарвари ва шикори хайвонхои бахри ривоч ёфт. Чукчихо ва эскимосхо сохиби алифбо гардида, бесаводи асосан бархам дода шуд. Интеллигенсияи милли ташаккул ёфт. 10 декабри 1970 Округи Миллии Чукот (аз соли 1977 Округи автономии Чукот) ташкил шуд, ки он тамоми нохияхои Ана­дир ва Чукоти Шарки Дур ва инчунин як кисми РАСС Ёкутро дар бар мегирифт. Сокинони Чукот дар солхои Чанги Бузурги Ватани дар муборизаи зидди фашистони горатгари немис фаъолона иштирок кар­данд. Округи автономии Чукот  солхои баъди чанг дар сохтмони сотсиалисти ба муваффакиятхои калон ноил гардид Саноати истихрочи тилло, металлхои ранга, сохтмони роххо бо суръат таракки карданд. Округи автономии Чукот  бо ордени Байраки

Сурхи Медиат (1970), ордени Дустин Халкхо (1972) мукофотонида шудааст.

Хочаги. Саноати истихрочи маъдан дар иктисодиёти Округи автономии Чукот чои асосиро мегирад, ки он аз корхонахои истихрочи металлхои ранга, калъаги (Валкумси), симоб (Пла­менное) ва ангиштсанг (Беринг, Анадир) иборат аст. Стансияи электрии атомии Билибино, ТЭС-и Чаун ва ГРЭС-и Эгвекинот амал мекунанд. Саноати сайду коркарди мохи, истехсоли масолехи бинокори (Ана­дир, Певек, Билибино) ва хуроквори хеле пеш рафт.

Округ соли 1978 28 совхозхо дошт. Сохахои асосии хочагии он гавазнпар- вари буда, шумораи он соли 1977 ба 565 хазор cap расид. Сохаи анъанавии хочагии ахолии тахчои— мохигири, шикори хайвонхои муинадор ва бахри. Касби асосии ахоли шикори рубохи шимоли, нерпаву морж мебошад. Парвариши чорвои ширдех, парранда ва хукпарвари сохаи нави хочагии Округи автономии Чукот мебошад.

Округи автономии Чукот  соли 1978 (ба хисоби хазор cap) 2,0 гов, 3,8 хук дошт. Дар фермахои махсус рубохи шимоли парвариш карда мешавад. Наклиёти асоси — бахрй ва хавои. Бандархо: Левек, Провидение, Анадир, Эгвекинот ва гайра. Роххои му-ими мошингард: Певеквек — Крас­ноармейский — Комсомольский, Эг- векннот — Иультин, Зелёный Мыс — Билибино ва г. Д-хои Анадырь, Ве­ликая ва г. кшптигарданд.

Сохтмони мадани. То Револютсияи Ок­тябр чукчихо тамоман бесавод бу- данд. Соли тахсили 1914/15 дар Округи автономии Чукот   1 мактаби ибтидои буд, ки 40 хонанда дошт. Мактаби миёна надошт.

Соли тахсили 1978/79 дар 36 макта­би маълумоти умуми 27,6 хазор талаба, дар 1 омузишгохи касбхои тех­ники 310 талаба, дар омузишгохи педагоги 184 хонанда мехонд. Дар округ соли 1978 94 китобхонаи оммави, музеи кишваршиноси, 111 клуб, 179 дастгохи филмнишондихи буд. Соли 1979. Округ 570 духтур, 1656 коркувони миёнаи тибби ва дар беморхонахо 2200 кат дошт.

Газетахои округии «Советкэн Чу­котка» («Чукоткаи Совети», аз соли 1953, ба забони чукчи) ва «Советская Чу­котка» (аз соли 1933) нашр мешаванд. Барномахои радио ба забони чукчи ва руси шунавонида мешававд. Ахоли ба воситаи стансияи «Орбита» барномахои телевизиони Марказиро тамошо мекунад.

Адабиёт. Чукчихо то Револбтсияи Кабири Сотсиалистии Октябр адабиёти хатти надоштанд. Шаклхои гуногуни адабиёти дахонаки пахн шуда буду бас. Си- ёсати Хокимияти Совети доир ба маданият, тартиб додани алифбои чукчихо (1931) ва пахншавии забо­ни руси барои ба вучуд омадани адабиёти чукчихо замина гузоштанд.

Классикони рус ва эчодиёти нависандагони совети В. Г. Тан-Богораз, Т. 3. Сёмушкин, Н. Е. Шундик ва дигар ба ташаккули адабиёти чукчи­хо таъсир расонданд. Нависандаи нахустини чукот Тинэтэгин (Ф. Тинетев, 1920—1940) китоби «Афсонахои чаучу» (1940, ба забони чукчи ва руси)-ро тартиб дод. Солхои 1950—60 насрнависон Ю. С. Ритхэу (таваллуд 1930), В. Ятиргин (таваллуд 1919) ва шоирон В. Г. Кеулкут (1929— 63), А. А. Кимитвал (таваллуд 1938), В. Тимнетувге (1935—1965), М. В. Валгиргин (таваллуд 1939), В. Тинескин (таваллуд 1945) ва дигар ба майдон омаданд. Нависанда Ю. С. Ритхэу дар СССР ва хорича машхур аст.

Муаллиф дар мачмуаи хикояхои «Ривояти Чукот» (1956), асари сечилдаи «Айёми обшавии барф» (1958), романхои «Кирави остона» (1970), «Барфи сафед» (1975) ва дигар асархои худро ба таърихи зиндагии халки Чукот ва навсозии хаёти ичтимоии он бахшидааст. Таъсири фолклор дар ада­биёти Чукот калон аст. Асархои нависандагони Чукот ба забони халкхои СССР ва ба забони чукчи низ асархои нависандагони халкхои Иттифоки Совети тарчума мешаванд.

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …