Маълумоти охирин
Главная / Чугрофия / Округи Автономии Бурятхои Ага

Округи Автономии Бурятхои Ага

Округи Автономии Бурятхои Ага, дар хайати вилояти   Читаи РСФСР. 26 сентябр 1937 ташкил шуда­аст. Дар чануби шаркии Забайкалия вокеъ аст. Масохат 19,0 хазор километр2. Ахолиаш 69 хазор нафар (1979). Ахолии махалли бурятдхо, инчунин русхо, украинхо, тоторхо. Округ ба 3 райони маъмури таксим шуда, 3 птш дорад. Марказаш — птш Ачинское.

            Табиат. Сатхаш асосан кухсор. Аз Чануб Гарб ба Шимол Шарк каторкуххои сатхаш хамвори Черский, Даур, Могойтуй (нуктаи баландтаринаш кухи Алханай, 1663 метр) мутавози тул кашидаанд.

Дар Чануб хамвории теппадори Назди Онон (баландиаш 700-800 метр) чойгир аст. Иклимаш континентии шадид. Тобистонаш гарму зимистони хунук. Харорати миёнаи июл аз «16 то 20 Селсия, январ – 22—26“ Селсия солона 300—500 миллиметр. Дарёии калон  Онон (шохобхояш Иля, Ага). Дар Чануб кулхои хурди зиёд дорад.

Дар Гарб куххо хоки хокистарранги яхбаста ва хокистарии чангали бартари до­рад. Хоки хамворихо карбонатию дорчини ва сиёх. Дар пастихо рас- танихои биёбони, дар дашто шура, дар доманахои теппахо алафхои гуногун меруяд. Дар доманахои Шимол каторкуххо ва дар баландихои 1000— 1100 метр чангалзор (хаданг, дарахтони сузанбарг ва гайра) мавчуд.

            Хочаги. Дар иктисодиёти Округ хочагии кишлок роли мухим мебозад. Алафзор ва чарогоххо 2/5 кисми территорияи Округро ташкил менамоянд. Сохаи асосии хочагии кишлок парвариши гусфанди махинпашм аст. Парвариши чорвои гушту ширдех ва асп, дар Чануб парвариши уштур таракки кардааст. Аз галладона гандуму чав, чавдор ва зироати хуроки чорво кишт мешавад. Соли 1978 Округ 25 колхоз ва 6 совхоз дошт. Саршумори чорво (ба хисоби хазор cap 1978): гов 77, хук 13, бузу гусфанд 913.

Саноат асосан бо коркарди махсулоти хочагии кишлок машгул аст. Дар Гарб чуб тайёр мекунанд. Корхонахои саноати чубгари дар Ара-Иля, Дулдурга, Агинское, Могойтуй вокеанд. Комбинати маъдантозакунии Орловский дар ик- тисодиёти Округ роли калон мебозад. Шабакаи рохи охан таракки кардааст. Дарозии рохи автомобилгард 970 километр.

            Сохтмони мадани. Дар солхои Хокимияти Совети хати буряти ба вучуд омад. Соли тахсили 1978/79 дар мактабхои маълумоти умуми 17,3 хазор, дар мактабхои миёнаи махсус 0,3 хазор талаба мехонд. Округ 49 китобхонаи оммави, 61 клуб, зиёда аз 76 дастгохи филмнамоишдихи дошт. Соли 1979 Округ 111 духтур, 454 коркунони миёнаи тибби ва дар беморхонахо 750 кат дошт.

Газетахои округи: «Агыи укэп» («Хакикати Агиш», аз соли 1930, ба за­бони буряти) ва «Агинская правда» (аз 1930 ба забони руси) нашр мешаванд.

          

Инчунин кобед

Дехаи САЪДИИ ШЕРОЗИ

САЪДИИ ШЕРОЗИ, дехаест дар Совети посёлкаи Хаёти нави райони Ёвон, вилояти Кургоптеппа. Территорияи совхози «Ёвон-6». …